Formula novemver 2024
Пайрави падар ва ояндасози давлат Рустами Эмомалӣ зодрӯз дорад!
496

 Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷашни милод дорад. Ин сиёсатмадори ҷавон ва ояндадори тоҷик ба синни 36-солагӣ қадам мегузорад. Рустами Эмомалӣ, фарзанди номбардор ва номовари Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, пайрави падар аст ва ҳамеша баҳри ободонӣ, гулгулшукуфӣ ва пешравии миллату давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо талошҳои ин ҷавонмарди бо нангу номус ва ватандори асил шаҳри Душанбе дар як муддати кӯтоҳ чеҳраашро комилан дигаргун намуда, имрӯз ба яке аз зеботарин шаҳрҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Ин ҷавони ҷӯянда ва навовар ҳамеша дар пайи омӯхтани илму дониш буда, бо се забони хориҷӣ озодона ҳарф мезанад ва се муассисаи олиро хатм намудааст. Рустами Эмомалӣ соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ба сифати сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ оғоз намуда, аз соли 2009 то 2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан ба соҳаи гумрук гузашта, солҳои 2011—2012 ба сифати сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуд. Солҳои 2012—2013 ҳамчун муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи ноябри cоли 2013 то моҳи марти соли 2015 дар вазифаи Сардори Хадамоти гумрук кор кардааст. Рустами Эмомалӣ аз моҳи марти соли 2015 то моҳи январи соли 2017 дар вазифаи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуд. 12-январи соли 2017 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифа ва аз 4 апрели соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе таъин гашт. Аз 17 апрели соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Ин ҷавони оқилу хирадманд аз зумраи афродест, ки панди машҳури “Сухан бисёр дону андаке гӯй, якеро сад магӯ, садро яке гӯй”-ро шиори зиндагии худ намудааст. Ӯ хеле кам ҳарф мезанад, вале новобаста ба ҷавониаш корҳои бузургеро анҷом медиҳад. Аҳли эҷоди сомонаи “Оила” Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалиро бо ҷашни милод сидқан муборакбод гуфта, таманно мекунанд, ки ҳамеша номовари миллату давлати тоҷик бошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД