arzon replenishment
Пешвои миллат сокинонро бо Иди саиди Фитр табрик карданд
557

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзи тамоми мардуми кишварро ба муносибати Иди саиди Фитр, ки пагоҳ, 21 апрел, таҷлил мешавад, шодбош гуфтанд.

Сарвари давлат дар Паёми шодбошиашон зикр карданд, ки ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

Дар ин рўз мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд. Тибқи таълимоти дини мубини ислом Худованд ин рўзро барои ҳамаи мусулмонон ҳамчун рўзи қабули дуои нек дар ҳаққи ҳамдигар, оромиву ободии Ватан ва анҷом додани корҳои хайру савоб муқаррар кардааст. Яъне ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмўъ, моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад”,-таъкид карданд Роҳбари давлат.

Ба таъкиди Пешвои миллат, имсол низ мардуми мо, дар баробари ба ҷо овардани фаризаҳои моҳи мубораки Рамазон, ба хотири таъмин намудани зиндагии осудаи худ киштукори баҳориро вусъат бахшида, барои ҳосили фаровон замина гузоштанд.

Дар шароите, ки бар асари гармшавии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобии солҳои охир, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва маҳдудиятҳои вобаста ба онҳо мардуми сайёра ба мушкилоти ҷиддии таъминот бо маводи ғизоӣ дучор гардидаанд, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ба масъалаи муҳимтарину мубрами рўз табдил ёфтааст. Ба ибораи дигар, инсоният аз бисёр ҷиҳат, хусусан, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ мушкилтарин давраро дар таърихи қариб садсолаи худ аз сар гузаронида истодааст. Табиист, ки дар чунин вазъият ҳар як давлат дар андешаву талоши ҳалли мушкилоти мардуми худ мебошад. Бинобар ин, мо бояд, пеш аз ҳама, ба хотири таъмин намудани аҳли оила ва фарзандони худамон, фароҳам овардани шароит барои рўзгори осудаи мардумамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем ва дар ин ҷода тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоямонро сафарбар созем”,-зикр доштанд Сарвари давлат.

Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти вазъи баамаломада дар ҷаҳони муосир зарур аст, ки мо ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофи маводи ғизоӣ, аз ҷумла дар рўзҳои ид ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ҷиддӣ муносибат кунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД