Пирог аз банан
18.01.2026
Oila.tj
129

Маҳсулоти лозима:

2 банани пухта, 2 тухм, 100 грамм шакар, 50 грамм равғани маска, 2 қошуқ сметана, 150 грамм орд, 10 грамм моддаи ковоккунанда, 1 мушт чормағз.

Барои малҳам:

1 бонка ширқиём, 1 қуттӣ равғани маска.

Тарзи таҳия:

Тухму шакар ва сметанаро дар зарфе лат занед. Равғани маскаро об карда, бананро бо чангак лат занед. Равғани маска ва бананро бо тухму чормағзи реза омезиш дода, ба он орду моддаи ковоккунандаро илова кунед. Хамирро дар тоба дар ҳарорати 190º муддати 40 дақиқа пазед. Вақте ки пирог пухт, онро аз байн бурида, малҳам молед ва мувофиқи табъи худ оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД