arzon replenishment
Пирог бо гӯшти мурғ
5875

Маҳсулоти лозима:
200 грам – сметана ё қаймоқ
200 грам – маска
10 грам – маводи ковокунанда
500 грам – орд

Маҳсулоти қимма:
500 грам – гӯшти мурғ
1 дона - картошка
1 дона - пиёз
Намак, мурч

Тарзи таҳия:
Дар зарфе маскаро об карда, бо сметана омехта менамоем, баъдан намак, орд ва маводи ковокунанда андохта, хамир тайёр мекунем. Зуволаро ба ду қисм ҷудо карда дар селофан мегирем ва 10 дақиқа дам медиҳем.

Дар зарфи дигар маҳсулоти қиммаро омода мекунем. Аввал гӯшти мурғро чоркунҷа реза карда дар зарф мегирем, баъд картошка ва пиёзро аз тарошак гузаронида ба рӯяш мерезем ва камтар равғани растанӣ илова карда, омехта мекунем. Ба қимма мувофиқи табъи худ намак, зира ва мурч мепошем.

Ба қолаб равған молида, қоғази пергаментро тунук мекунем. Зуволаро тунук карда ба қолаб мегузорем ва қиммаро дар байнаш рехта, зуволаи дуюмро аз болояш мегузорем. Ба болояш зардии тухм молида, кунчит мепошем ва пирогро дар ҳарорати 180 дараҷа дар тафдон нағзакак мепазем. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД