sebiston july new
Пироги бомаззаи шоколадӣ барои саҳархӯрӣ
17.03.2024
ОИЛА
962

Маҳсулоти лозима:
3 тухм, 300 г шакар, 450 г қаймоқ (сметана), 200 г орди навъи аъло, 5 қошуқ какао, 50 г равғани маска, 1 қошуқ моддаи ковоккунанда (разрыхлитель).

Тарзи таҳия:
Тухм ва 200 г шакарро дар зарфи чуқур лат зада, қаймоқ, орд ва 3 қошуқ какаоро бо моддаи ковоккунанда илова кунед. Хамирро ба тобаи пирогпазӣ рехта, дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа муддати 30 дақиқа пазед. Барои малҳам 250 г қаймоқ, 100 г шакар ва 2 қошуқ какаоро омезиш дода, дар оташи паст ҷӯшонед ва баъди хунук шуданаш равғани маска илова кунед. Пироги пухтаро аз байн ба ду қисм ҷудо карда, малҳамро молед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД