sebiston july new
ПИСАРАМ ҒУЛОМИ ЗАН ШУДА АЗ МОДАР РӮ ГАРДОНД
5276

 

Кампири 68-солаам. Дар бисотам танҳо як писару ду духтар дорам. Писарам марди меҳнатист, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта ҷон мекоҳонад, то аробаи зиндагиро ба пеш тела диҳад.

Духтари бероҳае сари бачаи содаи маро тоб дода, ба домаш андохт. Ин духтари шаттоҳ бо сеҳру ҷоду писарамро ончунон ба худаш гарм кард, киошиқи шайдояш гашт. Дигар ягон чора наёфта, келинаш кардем. Аз рӯзи аввали ба хонадони мо қадам ниҳодашан келин нозу нузро сар кард. Ҳамроҳи мо нишаста хӯрок намехӯрд, сӯҳбат намекард, дасташро ба ягон кору бори хона намезад. Ақлаш медаромадагист гуфта, ба ҳама қилиқҳояш тоқат мекардам. Ҳамин хел писарам бо зани ҷодугараш шаш моҳ зиндагӣ кард, вале келин ҳеҷ дилу нияти ислоҳ шудан надошт.

Ба духтаронам мегуфтаст, ки акаатон бо доираи ман рақс мекунад, ҳозир мур гӯям, мемурад. Ҳақиқатан ҳам писарам зери таъсири ҷоду монда, ғуломи ҳалқабаргӯши занаш гашта буд, ҳар бегоҳ пас аз кор бо ҳамсараш дастобадаст намуда ба тарабхонаҳо хӯрокхӯрӣ мерафт ва ақаллан барои тасаллои диламон намепурсид, ки мо, модару хоҳаронаш серем ё гурусна, мурдаем ё зинда. Дилу ҷигари ману духтаронам хун мешуд аз нағмаҳои келин, вале чизе намегуфтем, то зиндагиашон вайрон нашавад. Болои ин ҳама келини шаттоҳам ба писарам гуфтааст, ки хоҳаронат дилу ҷигарамро хӯрданд, модарат ҳам ба ҷонам задааст, рӯзе нест, ки саг барин ҷак-ҷак накунад.

Ба ҳамин баҳона келини аз дину диёнат ва дунёву охират бохабари қуръонхонам яккаписарро аз модараш ҷудо карда, ҳамроҳи шавҳараш ба хонаи алоҳида кӯчид. Келини бибиотунам моро маҷбур кард, ки хонаи сеҳуҷрагиро фурӯхта пулашро тақсим кунем. Ба хотири аз ин балои дупо халос шудан ба ҳама шарту талабаш розӣ шуда, манзиламонро фурӯхтем ва ду хонаи алоҳида харидем.

Писари пулдорам аз тарси занаш ба ман, ба модари зораш, ки бо ранҷу азобҳои алим ӯро ба камол расонидааст, як тини пучак ҳам намедиҳад. Маҷбур шуда дар кӯчаҳо гадоӣ мекунам, то аз гуруснагӣ намирем. Акнун келини аз гӯру қиёмат бохабарам ба хонаи якҳуҷрагии мани кампир, ки ҳамроҳи духтари кенҷагии беморам дар ин ҷо зиндагӣ дорам, чашм ало кардааст. Мегӯяд, ки ин хона ҳам азони шавҳари ман аст, ту ва духтарҳоят ба ҳеҷ чиз ҳақ надоред. Забону даҳону дандони писарамро бо сеҳру ҷоду чунон бастааст, ки лаб во намекунад.

Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Бибираҷаби 58-сола, сокини н. Синои ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД