arzon replenishment
Писари чемпиони тоҷикро бо гумони одамкушӣ дастгир карданд!
1054


Писари гӯштингири маъруфи тоҷик, аввалин қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо аз Тоҷикистон Саидмумин Раҳимов ба гумони даст доштан дар куштор боздошт шудааст.

Тавре ки ВКД хабар медиҳад, Саидаҳмад Раҳимови 22-сола дар куштори сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб Маҳаммадҷовид Зокирзода гумонбар дониста мешавад.
Дар гузориши видеоии барномаи “Ахбори ВКД” гуфта мешавад, ки ҳодисаи куштори Зокирзода рӯзи 5-уми август рух додааст.

“Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки гумонбаршуда ва фавтида байни худ муносибатҳои молиявӣ доштаанд, - зикр шуд дар гузориш. Қарзи пулӣ боиси сар задани муноқишаи хунин гашта, Саидаҳмад Раҳимов Муҳаммадҷовид Зокирзодаро бо 17 зарбаи корд ба ҳалокат расонидааст.

“Вақте гардани маро гирифт, дастонам кушода буданд. Чанд бор ӯро тела дода, лекин озод шуда натавонистам. То сар доданаш ба шикаму пойҳояш бо корд зарба задам. Вақте ки маро раҳо кард, дидам, ки хун равон аст. Инро дида гурехтам...”, - нақл мекунад дар навори видеоӣ худи Саидаҳмад Раҳимов.

Айни замон Саидаҳмад Раҳимов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва нисбаташ бо моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин модда аз 10 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ ё ҳабси якумра ҷазо пешбинӣ шудааст.

Модари ҷавони кушташуда Матлуба Ғаниева дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфтааст, ки писараш ба тиҷорат машғул буд ва ҳамон рӯз бояд ба Туркия барои маҳсулот парвоз мекард.
"Ҳамон рӯзе, ки мурдаи писарамро оварданд, соати 1 ё 2 бачаи ман билет дошт, бояд мерафт Туркия. Хайрухуш кард. Ба рафиқаш, ки ҳамсинф низ ҳастанд, гуфт, пулро дода наметавонистӣ, мегуфтӣ наметавонам. Рафиқаш ваъда дод, ки медиҳам, рафтем хонаи хусурам. Пулро надиҳам гуфта, бачаамро 16 корд зада куштааст", - гуфтааст модари Муҳаммадҷовид.

Саидмумин Раҳимов (1946-2009) аввалин гӯштингир аз Тоҷикистон аст, ки ба унвони қаҳрамон ҷаҳон оид ба самбо дар соли 1975 шарафёб гашта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД