sebiston july new
Президент ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 15 000 сомонӣ туҳфа кард
1074

 

Имсол 77-умин солгарди Иди ғалаба ҷашн гирифта мешавад.

Бо ин мақсад дар Маркази илмӣ ва фарҳангии Русия дар Тоҷикистон , бо иштироки намояндагони сафорати Русия дар кишвар, аъзои Шурои собиқадорони Ҷангу меҳнат ва дигар меҳнон ҷамъомад баргузор гашт.

_24

Игор Симневич, сафири Русия дар Тоҷикистон собиқадорони ҷангу меҳнатро ба 77-умин солгарди иди Ғалаба табрик намуд. Ӯ қайд кард, В,В Путин, президенти Русия, бевосита иштирокчиёни ҶБВ –ро табрик намуда, барои хизматҳои шоёнашон изҳори минатдорӣ намуда, таъкид кардааст, ки “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”.

_23

Дар ин замина ба чор нафар, Рафоат Азизова, Анна Яковна, Лионида Екатерина Михайловна ва Александр Николаевич аз номи Президенти Русия Владимир Путин бо тантана туҳфаҳоро супориданд.555_1

555_1

 

Алишер Шарипов, муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар суханрониаш ҳозиринро ба ин сана табрик намуда, минатдории худро ба намояндагони сафорати Русия дар Тоҷикистон Василеевич Юрий Шимко, роҳбари ширкати “Шимко груп” барои қадрдонии 61 нафар иштирокчиёни ҶБВ баён намуд.

 щщщ

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки ҳамсола аз тарафи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён ва собиқадорони ҶБВ кӯмакпулӣ ҷудо мегардад. Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 15 000 сомонӣ ва аз буҷаҳои маҳал аз 1000 то 6000 ҷудо карда шудааст.

_27
Василий Юрьевич Шимко, Перзиденти ширкати бузуруги русиягӣ дар Ӯзбекистон дар ин ҷамъомад суханронӣ намуда, иштирокчиёну собиқадоронро бо ин санаи таърихӣ табрик намуд. Ӯ қайд кард, ки бароям, яъне писари собиқадори ҷангу меҳнат будан мояи ифтихор аст, ки назди ҳамхизматони падарам, ки барои пойдории меҳнамон сина сипар кардаанд, сухан мегӯям.

Аз суханҳои падарам, ки солҳои 1941 -1946 ҷангидааст, чӣ тавр мушкилиҳову чӣ гуна ба даст овардани ғалабаро шунидаам. Ҳамчунин дар бораи қаҳрамониҳои мардуми тоҷик низ сухан мегуфт, ки хушбахтона имрӯз ман бо чашми худ онҳоро мебинам”гуфт Василий Юрьевич Шимко

“Мақсади асосии мо натанҳо ба даст овардани маблағ аст, балки мустаҳкам кардани муносибатҳои ду кишвар ва кумаки худро ба мардуми тоҷик расонидан аст. Мо соли гузшата ба Узбекистон сафар доштем. Ба хонадони ҳар як собиқадори ҷангу меҳнат бо суруду мусиқӣ, туҳфаҳо ва ҳамчун табибонро бо худ бурда будем, ки ҳадди ақлаш фишори шараёниашонро бисанҷанд, ёдовар шуд, Василий Юрьевич Шимко .

11

Тавре иттиллоъ дорем, солҳои охир ширкати “Шимко Груп” бахшида ба ин санаи таърихӣ кумакҳои худро ба собиқадорони ҶБВ дар Узбекистон мерасонанд. Вақте онҳо дар бораи қаҳрамонҳои тоҷик низ маълумот пайдо карданд, имсол туҳфаҳои хотирмон ва шириниҳо тақдим намуданд.

шш

Алишер Шарипов, муовини аввали раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат дар суҳбат гуфт, ки айни ҳол 59 нафар иштирокчиён дар сатҳи кишвар боқӣ мондаанд.

_26

Ҳамасола дар кишвари мо 9-май рӯзи Иди Ғалаба бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД