arzon replenishment
Президент хонандагони ноҳияи Исмоили Сомониро хурсанд гардонд.
299


31- август Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Гимназияи хусусии “Қалам”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур 4-ошёна буда, барои 650 хонанда пешбинӣ гардидааст. Дар ин муассисаи таълимӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити таълим фароҳам оварда шудааст.


Гимназияи мазкур дорои 27 синфхонаи барҳавою зебо буда, барои гузаронидани дарсҳо дар синфхонаҳо тахтаҳои электронӣ насб шудаанд.
Баҳри дар сатҳи баланд ҷорӣ намудани раванди таълиму тарбия 40 нафар омӯзгорон дар асоси озмун ба кор ҷалб гардидаанд.


Ҳамзамон, имрӯз бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин муассисаи таълимӣ аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 4-ошёна иборат буда, мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масоҳати 0,76 гектар бунёд ёфтааст ва барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.


Мактаб аз 50 синфхонаи барҳаво иборат буда, дар он 80 нафар, аз ҷумла беш аз 60 мутахассис ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардида, бо истифода аз имконоти мавҷуда хонандагонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва илмдӯстӣ тарбия менамоянд.


Аз ҷониби Сарвари давлат ва раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 40-и ноҳияи мазкур ба истифода дода шуд. Дар бинои кӯдакистон шароиту имконияти муосири ба таълиму тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак мавҷуд аст.


Таълим дар 11 гурӯҳ дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Иншоот аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД