formula
Президенти Тоҷикистон 69-сола шуд!
4109

 Санаи 5-уми октябр Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни милод дорад.

Аллома Муҳаммад Ҳиҷозӣ барҳақ фармудааст:
“Ҳар миллат сазовори давлатест, ки дорад, аммо саҳми бахтро набояд нодида гирифт, зеро як сарвари оқилу хирадманд метавонад дар як сол миллатро ба андоза чанд садсола пеш бибарад, вале як сарвари бехирад заҳматҳои ҳазорсоларо дар як рӯз барбод медиҳад!”
Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ҳамон сарварони ангуштшумори фозилу хирадмандест, ки Худованд танҳо ба қавму миллатҳои дӯстдоштаи худ ҳамчун пешво мефиристад, то ба ин васила онҳоро ҳидоят ва ҳимоят намояд. Ин марди ҷасуру шердил ҷонашро дар кафи даст гирифта, бо талошу муборизаҳои пайваста Тоҷикистони ба дӯди ҷанг печидаро аз коми оташи ҷонсӯзу ҷонгудози ҷанги бемаънии бародаркушӣ берун кашида, сулҳу оромиро барқарор намуд ва миллати парешонгаштаи тоҷикро ҷамъ карда, ба роҳи созандагию бунёдкорӣ раҳнамун сохт.
Дар бадали қариб 30-соли сарварии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, ба як кишвари амни ободу зебо ва пешрафтае табдил ёфт, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ садо баланд карда метавонад.
Бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ аз қабили НОБ-и Роғун, кандани нақбу сохтани тунел ва кушодани роҳҳои нав ба минтақаҳои дурдасти кишварамон, бунёди ҳазорон корхонаҳои хурду миёнаву бузург, ба фаъолият оғоз намудани чандин донишгоҳу донишкадаҳои нави олӣ дар гӯшаву канорҳои гуногуни Тоҷикистон, рушди соҳаи маориф, тандурустӣ, туризм, тиҷорат ва ғайра, боз гаштани роҳи ҷавонон ба хориҷи кишвар барои омӯзиши илм ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ-ин ҳама аз зумраи дастовардҳое мебошанд, ки маҳз туфайли роҳбарии хирадмандонаи ин марди закӣ ба миллати тоҷик муяссар гаштааст. Аз ҳамин хотир зиндагиномаи сарвари давлатро ба таври хеле кӯтоҳ манзури шумо мегардонем, то ҳаёти ин марди наҷиб барои дигарон намунаи пайравӣ ва омӯзиш бошад.

Эмомали Рахмонов 5 -уми октябри соли 1952 дар шаҳри Данғара дар оилаи Шариф Раҳмон ва Майрам Шарифова чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Волидонаш деҳқон буданд ва фарзандони худро бо нони ҳалол ба воя расонида, ҳамеша ба хоксорӣ ва покдилию поктинати ҳидоят менамуданд. Падараш Шариф Раҳмонов соли 1992 бар асари беморӣ аз олам гузашта, модараш Майрам Шарифова соли 2004 дар синни мубораки 94 -солагӣ дунёро падруд гуфт.


Дар оила се писар ва Эмомалӣ писари хурдӣ бошад ҳам, мисли дигар кенҷагиҳо бачаи эркаю нозпарвард набуд. Устухони вай аз хурдӣ бо меҳнат шах шуда, кори сар кардаашро ҳаргиз дар нимароҳ намемонд. Пас аз хатми мактаби миёна ин ҷавони меҳнатқарин ба омӯзишгоҳи касбҳои техникии №40-и ноҳияи Каленинобод дохил шуда, соли 1969 онро бо ихтисоси устои барқ хатм менамояд ва дар заводи равғани шаҳри Қурғонтеппа ба фаъолияти меҳнатӣ мепардозад, аммо дертар ӯро ба аскарӣ даъват мекунанд. Вай солҳои 1972-1974 хизмати Модар-Ватанро дар уқёнуси Ором дар флот ба ҷо оварда, баъди бозгашт ба Ватан то соли 1976 дар ҳамон заводи равған кор кардааст. Соли 1976 ӯро котиби правленияи колхоз таъин мекунанд ва худи ҳамон сол барои тақвият додани дониши худ ба факултаи иқтисодии Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И Ленин (ҳозира донишгоҳи миллӣ) дохил шуда, соли 1982 онро хатм мекунад.
Пас аз хатми донишкада Эмомалӣ Раҳмон аввал раиси профком ва аз соли 1988 то 1992 дар вазифаи директори совхози намунавии ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кард.
Тирамоҳи соли 1992 дар давраи бисёр ҳассос ва душворе, ки оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга зада, касе ҷуръати ба даст гирифтани сарварии ин сарзамини кӯҳанбунёд ва мусибатзадаи дар ҷӯйҳояш ба ҷойи оби мусаффо ҷӯи хун равонро надошт, дар сессияи 16-уми шӯрои олӣ бо раъйи аксари намояндагони халқ дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Бо заҳмати ин ватандори асил дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷанг дар кишвар хомӯш гашта, гурезаҳо аз Афғонистон ва кишварҳои дигар дубора ба Ватан баргардонида шуданд ва раванди бунёдкорӣ оғоз ёфт. Ҳамин буд, ки соли 1994 бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва аз ҳамон вақт инҷониб барои ободии ин сарзамини муқаддас ва саодати миллати тоҷик пайваста ҷонбозӣ менамояд.
Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун Президенти Тоҷикистон аз назари ҷомеаи ҷаҳонӣ дур намонда, бо баландтарин ҷоиза ва медалу унвонҳо қадрдонӣ гаштааст.


Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фаъолияти густурдаи сиёсиаш ба пос доштани таърихи миллат низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамоянд. Асарҳои ин сиёсатмадори варзида “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён” ва “Ориёно” таърихи миллати куҳанбунёд ва бисёр фарҳангдӯсти тоҷикро ба оламиён бозгӯ менамоянд, ки нишонаи ифтихори баланди миллии муаллиф мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД