formula
Маркази мусоидат ба муҳоҷират ҶДММ «АРСА» дар шаҳри Душанбе маркази нави тестӣ ва омодасозии муҳоҷиронро ифтитоҳ намуд.
03.02.2022
Proma
5562

20 декабр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Иттифоқи коршиносон ва мушовирон дар бахши муҳоҷирати меҳнатии “Иттиҳоди байналмилалии “Муҳоҷирати меҳнатӣ”” Курдюмов Николай Викторович, директори Маркази байналмилалии забонҳо, тестӣ ва омӯзонидани муҳоҷирони Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Россия Алексеев Максим Владимирович ва роҳбарияту кормандони Маркази мусоидат ба муҳоҷират ҶДММ «АРСА» дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳи офиси нави таълим ва санҷиши муҳоҷирон доир гардид.

ҶДММ «АРСА» моҳи апрели соли 2021 таъсис ёфта, дар бахши интихоби муташаккилонаи шаҳрвандон барои таъмин бо ҷойи кор дар хориҷи кишвар як қатор хизматрасониҳоро пешниҳод менамояд.

photo_2022-02-02_10-11-47

Тавре Директори генералии ширкат Шараф Маҳмудов иброз намуд, ҶДММ «АРСА» айни замон бо якчанд ширкатҳои Россия ҷиҳати интихоби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ҳамкорӣ дорад. То имрӯз ширкат ба Федератсияи Россия ба миқдори кофӣ муҳоҷирони меҳнатӣ равон намудааст, ки бомуваффақият бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Музокирот бо як қатор ширкатҳои Россия ва Аврупо, ки хизматрасониҳоро ҷиҳати бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод менамоянд, идома дорад.

photo_2022-02-02_10-12-00

Ширкат тасмим гирифтааст, ки дар якчанд ноҳияи ҷумҳурӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ марказҳои омӯзишӣ таъсис диҳад, ки ҷиҳати гирифтани донишҳои зарурӣ ва малакаҳои тахассусӣ, аз ҷумла, гирифтани сертификати дахлдори донистани забон ва такмили тахассус ба муҳоҷирон кумак менамоянд.

Меҳмонон аз Россия, ки дар маросими ифтитоҳ иштирок доштанд, аз фаъолияти ҶДММ «АРСА» изҳори қаноатмандӣ ва барои ҳамкории самарабахш ва интихобу пешниҳоди кормандони босавод изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаи марказ комёбиҳо таманно карданд.

Шараф Маҳмудов – роҳбари ҶДММ «АРСА» меҳмононро бо фаъолияти маркази санҷишӣ ошно намуд ва дар ҳузури онҳо аз якчанд довталаб барои кор дар ширкатҳои Россия имтиҳон гирифта шуд. Дар натиҷаи санҷиши озмоишӣ аз ҷониби Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Россия 11 муҳоҷири ояндаи меҳнатӣ соҳиби сертификат оид ба донистани забони русӣ, донистани таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия гардиданд.

Дар соли 2022 марказ васеъ намудани фаъолияти ширкатро ба нақша гирифта, омодасозии кормандони соҳибтахассусро барои кор дар хориҷи кишвар оғоз менамояд.

“Меёбем, мемӯзонем, дастгирӣ мекунем” – шиори фаъолияти ҶДММ «АРСА» мебошад. Ширкат дархостҳои аз ширкатҳои корфармо дастрасгардидаро баррасӣ намуда, пас аз дақиқ кардани дурустии дархостҳо ба интихоби кормандони зарурӣ шуруъ менамояд.

photo_2022-02-02_10-12-08

Зимни интихоб мо довталабонро меомӯзонем, аз бозомӯзӣ мегузаронем ва оид ба донистани забонҳо ва мутобиқати касбӣ сертификат медиҳем. Тибқи натиҷаи онлайн-мусоҳибаи пешакӣ ва пас гирифтани розигии корфармо муҳоҷир барои кор сафарбар мегардад. Аммо дар ин сурат низ ҶДММ «АРСА» муҳоҷирро бо корфармо яккаву танҳо нагузошта, раванди бо кор таъминкунӣ, бастани шартнома ва дигар ҳолатҳои расман ба кор қабул шудани муҳоҷирро таҳти назорат қарор медиҳад.

ҶДММ «АРСА» бо ҶСК «Ориёнбонк» ҳамкории мусоид ба роҳ мондааст, ки дар натиҷа ба муҳоҷирон бо шартҳои имтиёзнок қарзҳо барои харидории чиптаҳои ҳавопаймо пешниҳод карда шуда, кортҳои бонкӣ бо имкони анҷом додани интиқоли пул низ дода мешаванд.

Маркази тамоси ширкат бо телефони рақами 44 601 21 11 ё рақами кӯтоҳи 2111 омодааст дар реҷаи 24/7 ба муҳоҷирон оид ба саволу масъалаҳои пайдошуда маълумот ва маслиҳат пешниҳод намояд.

Тавре менеҷери ширкат оид ба кор бо мизоҷон Ҳошим Ахмедов ба мо иттилоъ дод, ҶДММ «АРСА» айни замон 10 намуди хизматрасониҳо: бозомӯзонии мутахассисон ҷиҳати таъмин бо кор, сетификатсияи мутахассисон, омӯзиши забонҳо, додани сертификати донистани забон, онлайн-мусоҳиба, хизматрасониҳои машваратӣ, кумак дар гирифтани қарз, бо кор таъмин намудан, мусоидат дар гирифтани маълумотнома оид ба COVID-19 ва маркази тамосро пешниҳод менамояд.

Бино ба гуфтаи Х.Ахмедов, афзалиятҳои интихоби муташаккилонаи муҳоҷирон аз он иборат мебошад, ки бо корфармо мустақиман шартнома баста шуда, ҷойи корӣ ва иқомату хӯроки бепул кафолат дода мешавад, дар таҳия ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зарурӣ кумак расонида мешавад. Ҳангоми мустақилона сафар кардан бошад, муҳоҷир аз ин имкониятҳо бенасиб буда, таваккалкорона амал менамояд.

Дарҳои ширкати ҶДММ «АРСА» ба рӯйи шаҳрвандони мо, ки хоҳиши ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан доранд, ҳамеша боз аст ва мо аз мусоидат ба таъмини ҳамватанонамон бо ҷойи кори муносиб шод ҳастем.

 

ҶДММ «АРСА» - ба мо эътимод доранд.

 

Ва аллакай ҳамин ҳоло ҶДММ “АРСА” барои фаъолият дар заводи пӯлодгудозӣ дар Ҷумҳурии Тотористон, шаҳри Набережные Челны интихоби мутахассисонро эълон менамояд. Рӯйхати ҷойҳои кории холии зарурӣ дар зер оварда мешавад. Маълумоти муфассал бо телефони 44 601 21 11 ё 2111.

 

Металгудоз (Плавильщик металла) – 2 нафар

Рехтагари метал (Заливщик металла) – 2 нафар

Қолибсоз (Формовщик) – 1 нафар

Кубандаи маснуоти рехтагарӣ (Выбивальщик отливок) – 1 нафар

Ба оташ тобоваргар (Огнеупорщик) – 1 нафар

Тозагари маснуоти рехтагарӣ (Чистильщик отливок) – 1 нафар

Буранда (Обрубщик) – 5 нафар

Интиқолдиҳанда (Транспортировщик (шихтовщик)) – 1 нафар

Интиқолдиҳандаи ТОУ (Транспортировщик ТОУ) – 1 нафар

Бурришгар бо асбобҳои газӣ (Газорезчик) – 1 нафар

Кафшергар бо таҷҳизоти барқию газӣ (Электрогазосварщик) – 1 нафар

Термист – 1 нафар

Ронандаи нақлиёти боркунанда (погрузчик) – 1 нафар

Диспетчер – 1 нафар

 

Пешниҳодҳои Корфармо:

  1. Манзили бепул дар хобгоҳи завод.
  2. Таъминот бо либоси махсуси корӣ.
  3. Расман ба кор қабул намудан тибқи қонунгузории меҳнати Федератсияи Россия, музди меҳнати расмӣ, рухсатӣ ва пардохти варақаи корношоямии муваққатӣ (беморӣ).

Талаботи зарурӣ:

  1. Таҷрибаи корӣ афзалият дорад
  2. Синну сол аз 18-сола боло
  3. Донистани забони русӣ.


    Маълумоти бештарро метавонед, аз ин сомона arsa.tj дастрас намоед!   

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Исмойл 2023-06-03, 22:53
Саломалекм и ширкати шумо танхо ба русия равон мекунад ба кор
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Исмойл 2023-06-03, 22:53
Саломалекм и ширкати шумо танхо ба русия равон мекунад ба кор
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД