arzon replenishment
200 нафар хоҳишмандро соҳибкасб мекунем!
3386

Нақша дорем, ки тақрибан барои ду сад нафар хоҳишмандон курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ташкил намоем, то ҷавонон дар муддати кӯтоҳ соҳиби касбҳоизамонавӣ гашта тавонанд. Ҳар кӣ майлу хоҳиши касбомӯзӣ дорад, дар ин лоиҳа иштирок карда метавонад.

photo_2022-02-10_15-01-04
Тоҷиддин Ҷӯразода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза ин нуқтаро зикр намуда, дар ҷавоб ба саволи хабарнигори сомонаи ОИЛА. ТЧ гуфт:
“Хизматрасониҳое, ки аз тарафи роҳбаладон ба сайёҳон пешниҳод мешаванд, худи ширкатҳои сайёҳӣ онро танзим мекунанд. Ҳайатҳои расмӣ ба кишвари мо ташриф биёранд, дар ин ҳолат кумита аз ҳисоби кормандони худи кумита ва донишҷӯёни забондон меҳмононро бо роҳбалад таъмин намуда, тамоми хизматрасониҳоро анҷом медиҳад. Тоҷиддин Ҷӯразода ҳамчунин дар бораи саҳми занон дар рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон сухан ронда, аз ҷумла қайд кард, ки аз 12 зане, ки дар кумита кор ва фаъолият менамоянд, 2 нафарашон вазифаҳои роҳбарикунанда доранд.

photo_2022-02-10_15-01-08
“Як нуқтаро қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони кумита бояд ҳамроҳи сайёҳон ба кӯҳу теппаҳо бароянд, ба лаби баҳр раванд, то ки табиати зебои Тоҷикистонро ба меҳмонони хориҷӣ нишон диҳанд. Албатта барои занҳо, ки ҷинси латиф ва нозук ҳастанд, ин кор каме мушкилтар аст, аммо саҳми бонувоне, ки роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ҳастанд, дар рушди сайёҳӣ дар кишварамон назаррас аст”-гуфт раиси кумита ва афзуд:
-Соли ҷорӣ 296, 3 шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун сайё ба кишвари мо омадаанд, ки дар қиёс ба соли гузашта 15,5 фисад камтар аст. Аз ҳаимн хотир мо кӯшиш мекунем, ки табиат ва ҷойҳои тамошобоби Тоҷикистонро тариқи кино инъикос намоем.

photo_2022-02-10_15-01-11
Лозим ба ёдоварист, ки кумита дар тӯли фаъолияташ бо 12 мамлакати ҷаҳон созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳумро ба имзо расонидааст ва дар оянда чунин созишномаҳо зиёд хоҳанд гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД