goodwell
Пул ба ҷойи девор
06.09.2026
Oila.tj
169

Дар замонҳои дур, ду бародар дар замине, ки аз падарашон мерос монда буд, кор мекарданд ва дар он барои худ хона низ сохта буданд ва бо хубӣ зиндагӣ мекарданд.

Рӯзе ногаҳон бар хилофи он ҳама хубӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, дар масъалае бо ҳам ба ихтилоф расиданд.

Бародари хурдӣ миёни замин ва хонаҳои ҳамдигар ҷӯйи бузурге канд ва дохили онро пур аз об намуд, то бо ҳам ҳеҷ иртиботе надошта бошанд.

Бародари калонӣ низ аз ин кор ба қаҳр омад ва аз наҷҷоре хоҳиш кард, ки бо истифода аз тахтаҳо деворе бисозад, ки дигар бародарашро набинад ва худаш сӯи шаҳр равона шуд.

Бегоҳ вақте, ки ба хона баргашт, бо тааҷҷуб дид, ки наҷҷор ба ҷои девор, пуле болои дарё сохтааст.

Бародари хурдӣ, ки аз субҳ сохтани пулро назора мекард, фикр кард, ки бародараш барои оштӣ шудан фармони сохтани онро додааст ва бесарона интизори бозгашти ӯ буд.

Пас рафт бародари бузургро ба оғӯш гирифт ва аз ӯ узрхоҳӣ намуд.

Ду бародар аз наҷҷор хостанд, ки чанд рӯзе меҳмони онҳо бошад.

Аммо наҷҷор гуфт: Вақтам танг аст. Мисли ин, бояд пулҳои зиёди дигаре бисозам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД