formula
Пул хоб бинӣ бой мешавӣ ё бадбахт?
10659

 

Вақтҳои охир тез-тез пул хоб мебинам. Шабе дастам пур аз пул аст, шаби дигар хоб мебинам, ки пулҳоямро дуздидаанд. Аз чанд нафар пурсидам, аммо касе таъбири аниқи хобамро гуфта натавонист.

Яке мегӯяд, ки пул дар хоб боигарӣ аст, дигарӣ баръакс пул хоб дидан чандон хосияти хуб надорад гуфта, табъи маро хира месозад. Мехоҳам донам, ки дар асл пул дар хоб чист?
Фаридун, аз н. Шаҳринав.

             Посух
Бародари азиз! Тибқи хобномаҳои исломӣ аслан пул дар хоб ба сар задани баъзе мушкилоти хурд далолат мекунад, вале ин мушкилиҳо зудгузар буда, шахси хобдида баъдан оромиши комил ва хушбатии ҳақиқиро ба даст меорад. Барои аниқ фаҳмидани таъбири хобатон шумо бояд хоби дидаи худро ба пуррагӣ ба хотир биёред. Инак:
-Шахс дар хобаш пулашро гум кунад, дар оила ё ҷойи кораш ягон нохушӣ ё баҳсу мунозира сар мезанад. Хоб бинед, ки пул дуздидед, бидонед, ки шумо дар хатар ҳастед. Дар хоб ба касе пул додан аз барор нагирифтани корҳои шахси хобдида дарак медиҳад, вале шахси дигар ба шумо пул диҳад, ягон коратон барор гирифта, даромади хеле калон ба даст меоред ё дар хонадонатон ягон хушбахтӣ рӯй медиҳад.
Пулро сарфа кардан дар хоб фоли нек буда, шахсе, ки чунин хоб мебинад, бою бадавлат мешавад. Хоб бинед, ки дар наздатон як ғарам пул хобидаасту пулҳоро шумурда истодаед, вазъи молиявиатон хуб мешавад ё дар ҳаёти шумо ягон хушбахтии бузург рӯй медиҳад.
Ҳисоб кардани пул дар хоб хосияти хуб надошта, аз сар задани моҷаро дарак медиҳад. Пулро фурӯ бурдан дар хоб нишонаи тамаъҷӯист. Мард, агар хоб бинад, ки як дарза пули хориҷӣ ёфтааст, вале зане бо ӯ моҷаро дорад, ки ин пулҳои ӯст, агар бо тиҷорат сару кор дошта бошад, бо сабаби дахолати касе қарордоди бо ширкон бастааш вайрон шуда, зарари молиявӣ мебинад. Дар хоб аз касе қарз пурсидан низ чадон хосияти хуб надошта, аз пайдо шудани мушкилиҳои нав дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад. Хоб бинед, ки пули каси дигарро сарф карда истодаед, дӯсти наздикатонро аз даст медиҳед ё ягон сирри пинҳониатон рӯйи об баромада, дар назди мардум сархам мешавед. Пули майда-тангаро хоб дидан, маънои норозигиро дорад. Эҳтимол дӯстонатон бо сабаби бепарвоиятон аз шумо меранҷанд ё байнатон ягон ҷанҷоли хурдакак сар мезанад.
Дар хоб ба касе пул додед, нобарориро дар корҳои худ интизор шавед. Сохтани пулҳои қалбакӣ дар хоб хосияти бад дошта, аз сар задани ягон нохушии калон дарак медиҳад. Дар хоб пул ёфта бошед, эҳтиёт шавед, зеро чунин хоб аз он дарак медиҳад, ки касе аз бадбинӣ шуморо сеҳру ҷоду карданист.
Пулҳои даридагӣ дар хоб рамзи дучор шудан ба ягон бадбахтӣ, гуруснагӣ ё қашшоқӣ мебошанд. Шахсе, ки чунин хоб дидааст, бонкрот шуда, тамоми дороияшро якбора аз даст медиҳад ва ё хонаашро дузд зада, тамоми пулу молашро ғорат мекунанду қашшоқ ва муфлис мешавад. Аммо шахс хоб бинад, ки пули моли зиёди худро ба дигарон хайр карда истодааст, соҳиби обрӯ ва мақом гашта, дар ҷомеа мавқеъ пайдо мекунад ва хушбахттарин одами дунё мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Санавбар 2023-05-06, 12:11
Хоб дидам пулам медиҳанд
Посух
Саида Бокиева 2023-06-15, 04:54
Хоб дидам ки наздиконамро ба беморхона бурда истода Анд ва як шахсе ба ман пул под ин чи таьбир дорад
Посух
Хайруллло 2023-09-06, 09:52
Писарчамро мурдаги хоб дидам манояш чист
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Санавбар 2023-05-06, 12:11
Хоб дидам пулам медиҳанд
Посух
Саида Бокиева 2023-06-15, 04:54
Хоб дидам ки наздиконамро ба беморхона бурда истода Анд ва як шахсе ба ман пул под ин чи таьбир дорад
Посух
Хайруллло 2023-09-06, 09:52
Писарчамро мурдаги хоб дидам манояш чист
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД