sebiston july new
ҶӯРАБОЗӣ БА САРИ АМИН БАЛО ОВАРД
18.09.2021
Оила
1842

 

Дӯсти ҷониаш шавҳарамро “кидат” карду...

Шавҳарам ошпаз буд ва зиндагиамон серу пур мегузашт, вале ногоҳ рафтораш дигаргун шуда монд. Дигар мисли пештара ба ман ва писарчаамон Аминҷон меҳрубонӣ намекард, андак баҳона пайдо шавад, дарҳол ҷангу ҷанҷол мебардошт ва ҳақоратборонам менамуд.

Сабаби асабонӣ буданашро пурсон шавам, қошу қавоқ андохта «хап кун, лақ-лақат дар ҷонам зад» гуфта ба миёни суханам лагад мезаду қаҳр карда баромада мерафт. Ба хушдоманам рафтори писарашро қисса карда гуфтам, ки Амир рӯз ба рӯз аз худ бехуд гашта истодааст ва бояд чора ҷуст, вагарна оқибаташ хуб намешавад. Модараш бо Амир дар ин бора сӯҳбат оростан хост, вале писари хушрафтораш якбора оташ гирифта «Ҳамаатон дар ҷонам задед! Сарам гапро намебардорад, илтимос, маро ба ҳолам монед» гӯён ба хонаи хобаш гузашт. Оби чашми хушдоманам шашқатор ҷорӣ шуда бошад ҳам, ваъда дод, ки ҳатман рӯзи дигар ба ҷойи кори Амир рафта, асли гапро фаҳмида меояд. Ҳамин тавр ҳам кард. Маълум шуд, ки Амир бо хоҳиши як рафиқаш аз бонк ба номи худаш пул қарз гирифта додаасту ҷӯрааш баъди пулро гирифтан гурехтааст. Акнун Амир бояд бо фоизҳояш қарзро бармегардондааст. Шавҳарам чун фаҳмид, ки мо аллакай аз мушкилаш огоҳ ҳастем, сиррашро ошкор намуда, гуфт, ки бо маоши ошпазӣ дар як-ду сол қарзро бар гардонда наметавонад ва ҳайрон аст, ки чи кор кунад.

Маҷбур шуда писарчаи якунимсолаамонро ба хушдоманам супорида, зану шавҳар азми Русия намудем, то кор карда, қарзи бонкро пардохт кунем. Дар мулки бегона азобҳои зиёд кашида бошем ҳам, нанг зӯрӣ мекард ва ба ҳамдигар қавл додем, ки то маблағи заруриро кор накунем, ёди Ватан намекунем. Муддати се сол аст, ки писаракамро надидаам, бечора кӯдак ҳар рӯз дар телефон: «Дадаҷон, Очаҷон, шумоло сахт ёд калам, кай меёед?» мегӯяд. Бо шунидани ин суханҳо синаам реш- реш мешаваду зор-зор мегирям. Ҳар шом дар намозам пеши Худованд зорӣ мекунам, ки моро бо сари баланд ба Ватан баргардонад, то қаду қомати писаракамро аз наздик дида армони дил бишканам.

Шунидем, ки ҷӯраи фиребгари Амирро Худо задаасту аз гапу ҳарф монда дар бистари марг хоб аст. Аз мо гурехт, вале аз ғазаби Худованд раҳо гашта натавонист он аблаҳи мардумфиреб!

Фароғат аз Новосибирски Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД