Arzon march 2024
Раҳимзода барои дастгиркунии Дилшоди Красавчик ба Москав рафт
727

Нисфирӯзи имрӯз дар масҷиди “Сари осиё”-и пойтахт ҷанозаи Шуҳрат Исматуллоев, бонкдори шинохта ва муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк”, ки 2 моҳ қабл аз ҷониби гурӯҳи ҷиноӣ дуздидаву кушта шуд, баргузор гардид.

Тибқи иттилои дарёфтии Oila.tj, ҷасади Исматуллоев, ки дар қабристони Сари Осиё ба хок супорида шудааст.

Ҷасади ӯро баъди тақрибан 2 моҳи кофтуков дар дар минтақаи Саразми шаҳри Панҷакент, аз дарёи Зарафшон ёфтанд.

Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар дастгир ва ба воситаи нақлиёти “Хюндай-Соната” ба ҷои номаълум бурда шуд.

Ба иттилои ВКД, роҳбари гуруҳ Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович (“Дилшоди СБ” ё “Красавчик”) буд ва аъзоёни дигари гурӯҳ Рустам Ашуров, Шоҳрух Хуҷаев, Акбар Ахмедов, Бахтовар Сафаров ва дигарон мебошанд.

Дафни ҷасади ӯ дар ҳолест, ки дирӯз вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода бо супориши Сарвари давлат барои баррасии ҷузъиёти дастгиркунии Дилшод Саидмуродов ё Дилшоди СБ ва як ҳамдастаи дигари ӯ ба Маскав рафт.

ВКД Русия иттилоъ дод, ки ду гумонбари кушта шудани Исматуллоев дар пойтахти Русия дастгир шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД