Commerc banl
Раиси Суғд аз Боғи миллии "Ваҳдат" боздид кард
12.03.2026
Oila.tj
85

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи боғпарварӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҳифзи дарахтони мевадиҳанда аз сардиҳои эҳтимолӣ аз Муассисаи давлатии Боғи миллии «Ваҳдат» боздид намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни боздид иттилоъ дода шудааст, ки дар натиҷаи гарм омадани ҳаво дар моҳи феврал аксари дарахтони мевадиҳанда дар боғҳои вилоят бармаҳал гул кардаанд. Аз ин рӯ, эҳтимоли таъсири сардиҳои ногаҳонӣ ба гулҳои дарахтон вуҷуд дорад.

Бо назардошти ин ҷиҳати пешгирии сармозании дарахтони гулкарда андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва муассир зарур мебошад. Аз ҷумла супориш дода шудааст, ки дар ҳолати паст шудани ҳарорати ҳаво дар боғҳо усули дудмонӣ васеъ истифода бурда шавад. Ин усул имкон медиҳад, ки ҳарорати ҳаво дар гирди дарахтон то андозае баланд нигоҳ дошта шуда, гулҳои дарахтон аз сармозанӣ ҳифз гарданд.

Ҳамчунин истифодаи усули обпошӣ дар боғҳо, нигоҳ доштани намнокии хок, омода намудани маводи зарурӣ барои муҳофизати дарахтон ва назорати доимии вазъи боғҳо аз ҷумлаи тадбирҳое арзёбӣ гардидаанд, ки метавонанд барои пешгирии сармозании дарахтони гулкарда мусоидат намоянд.

Раиси вилоят таъкид кардааст, ки дар сурати тағйир ёфтани ҳарорати ҳаво ба деҳқонон ва боғпарварон кумакҳои зарурӣ расонида шавад. Ба масъулин ҳамчунин супориш дода шудааст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тақвият бахшида, усулҳои дурусти нигоҳубини дарахтони мевадиҳандаро ба онҳо омӯзонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД