Имрӯз, 1-уми сентябр раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил самимона табрик намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронии худ роҳбари вилоят иброз дошт, ки ҳамасола соли таҳсил бо дарси сулҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад.
Раиси вилоят ёдовар шуд, ки санаи 30-юми августи соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварда, зимни суханронии пурмуҳтаво вазъи соҳаи маорифро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Манбаъ ёдовар мешавад, ки имрӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин шаҳру ноҳияҳо ташриф оварда, аз номи роҳбарияти вилоят устодону донишҷӯён, омӯзгорону хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш табрик намудаанд.