Раисони 9 шаҳру ноҳия аз
вазифа озод карда шуданд
Имрӯз дар ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ба амал омада, раисони 9 шаҳру ноҳия ва роҳбарони як қатор идораҳои давлатӣ бо амру фармонҳои президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа озод карда шуданд.
Аз ҷумла Абдулло Раҳмонзода аз вазифаи ёвари президент дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа барканор гашта, муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд.
Ашурбой Солеҳзода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод низ аз мансаб барканор ва муовини раиси вилояти Хатлон таъин гаштааст.
Манучеҳр Шарифзода, ки вазифаи муовини вазири фарҳанги Тоҷикистонро иҷро мекард, директори “Театри миллӣ” таъйин шуд.
Бино бар иттилоъи дафтари матбуоти президенти мамлакат, раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ховалинг, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Рӯдакӣ аз вазифа озод гашта, ба ҷояшон нафарони дигар таъин шуданд. Аммо номи манбадорони наве, ки онҳоро иваз намуданд, ҳанӯз маълум нест.