Arzon march 2024
Раъно Ҳошимзода занони кӯчарӯбро бо Рӯзи Модар табрик намуд
409
no-img


Наздики 40 нафар рӯбандагони КДФ “Хоҷагии манзилию коммунинали”-и шаҳри Гулистон аз ҷониби раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода бахшида ба Рӯзи Модар муборакбод гардиданд.

Чорабинӣ дар майдони “Тоҷикистон ба пеш!!!”-и шаҳри Гулистон баргузор гардида, дар он покизакорони шаҳр ва масъулин иштирок намуданд.
Раъно Ҳошимзода рӯбандагонро табрик намуда, афзуд, ки дар тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри сайёҳӣ хизмати шабонарӯзии онҳо хеле зиёд аст ва ҳусни зебои шаҳрро онҳо меофаранд. Фаъолияти бонувони КДФ “Хоҷагии манзилию коммунинали”-и шаҳри Гулистон пурсамар буда, онҳо дар пешрафту ободии шаҳр нақши қалидӣ доранд.
Дар фарҷом аз ҷониби шаҳрдор ба занон туҳфаҳои идона ва маводи хӯрокаи ниёзи аввалия тақдим гардид.
Бояд гуфт, ки чунин иқдом дар шаҳри Хуҷанд низ ба роҳ монда шуда, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 260 нафар занон туҳфа супориданд.
Фаррух Усмонов

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД