Arzon march 2024
РАШК БОИСИ ҶУДОИИ ДУ ҲУНАРМАНДИ МАШҲУР ГАШТ
3818

 

Чанд рӯз аст, ки расонаҳои Туркия дар бораи аз ҳам ҷудо шудани Ҳанда Эрчел, ҳунарпеша ва модели 26-солаи турк ва ошиқаш Мурод Далкилич, овозхон ва ҳунарманди 36-солаи турк менависанд. Муносибатҳои ошиқона миёни ин ҷуфти ҳунарманд ҳанӯз соли 2018 шурӯъ шуда буд. Хабари аз ҳам ҷудо шудани ҳунармандон сару садо ва овозаҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Ҳанда Эрчел, ки номаш борҳо дар радифи зеботарин ҳунарпешаҳои ҷаҳон ҷой гирифтааст, тасдиқ кард, ки аз ошиқаш ҷудо шуда, миёнашон танҳо муносибати дӯстона ҳукмфармост. Аммо сабаби ҷудо шуданашонро шарҳ надодааст. “Баъди хондани хабарҳои чанд рӯзи охир хомӯш истода натавонистам. Ману Мурод ба муносибатҳои худ нуқта гузоштем ва ҳоло дӯсти ҳамдигар ҳастем. Дар хотирам ҳаст, ки Мурод дар ҳама лаҳзаҳои вазнини зиндагӣ дар бари ман буд. Дар баробари он ки дӯстам медошт, такягоҳу мададгорам буд. Ӯ бароям азиз аст ва мехоҳам, ки миёни мо дӯстӣ пойдор бошад”,-навиштааст, хонум Эрчел.

Дар идома ӯ афзудааст, ки хабарнигорон ва ҳаводоронаш масъаларо дуруст дарк кунанд ва ба қарори ӯ эҳтиром гузоранд. Ногаҳон ҷудо шудани ҳунармандон мухлисони Муродро низ ҳайратзада кардааст, зеро ӯ дар ҳар мусоҳибааш ёдовар мешуд, ки нияташ ҷиддӣ аст ва бо Ҳанда оиладору соҳиби фарзанд шудан мехоҳад. Мурод дӯсти хонаводаи Эрчел аст, аммо дигар ошиқи Ҳанда нест.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД