Arzon march 2024
Равоншинос Маҳмадулло Давлатов: Кӯдаконро барвақт ба мактаб надиҳед!
22.12.2022
ОИЛА
646


Айёми кӯдакӣ беҳтарин даврони умри инсон аст. Маҳз дар ҳамин давра инсон ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати равонӣ босуръат рушд мекунад.

Ҳама гуна омилҳо дар ин давра ба ташаккули ояндаи кӯдак бетаъсир намемонанд.
Вобаста ба рушду ташаккул ва инкишофи тафаккури кӯдакон сӯҳбате доштем бо устоди кафедраи психологияи ДМТ Маҳмадулло Давлатов.
- Аз чандсолагӣ тафаккури кӯдак дар ҳоли ташаккул қарор дорад ва барои солим ташаккул ёфтани он волидон бояд чӣ кор кунанд?
- Вақте дар бораи инкишофи тафаккури инсон гап мезанем, заминаҳои он ба давраҳои синни томактабӣ рост меояд. Вобаста ба ин, дар ниҳодҳои асосии томактабӣ, пеш аз ҳама оила, боғчаҳои кӯдакона ва дар мактаб ин заминаҳои мавҷудии тафаккур бевосита ташаккул меёбанд. Кӯдакон пеш аз ҳама дар хона ва боғча дар асоси муносибати гуногуни предметӣ бо истифодаи бозичаҳо нақшҳои гуногунро аз худ мекунанд ва дар бораи олами беруна дониш пайдо карда минбаъд дар бораи онҳо фикр менамоянд. Ҳар як давраи синнусолӣ як намуди фаъолиятро дорад, ки барои ташаккули тафаккури кӯдак мусоидат мекунад. Бо бозичаҳои гуногун бозӣ кардан ҳам яке аз роҳҳои асосӣ барои рушди тафаккури кӯдак ба ҳисоб меравад, ки он баҳри фарди бошуур шудан нақши муҳим мебозад. Дар давраи мактабхонӣ бошад, тафаккури кӯдак васеътар инкишоф меёбад ва қобилияти ҷамъу тарҳ, муқоиса кардан, таҳлил намудан ва ғайраро мустақилона меомӯзад. Яъне, заминаи тафаккури кӯдак дар давраи томактабӣ пайдо мешавад ва минбаъд инкишофи он дар мактаб зимни омӯзиши фанҳои гуногуни таълимӣ ба амал меояд.
-Ба кӯдакони 3-4-сола шеър ёд медиҳанд, кӯшиш мекунанд, ки хондану навиштанро омӯзонанд. Оё чунин рафтор ба инкишофи тафаккури онҳо таъсири манфӣ намерасонад?
-Дар синни 3-4-солагӣ маърифати кӯдак бедор мешавад, ҳама чизро донистан мехоҳад, кунҷков мешавад. Ҳамин давра давраест, ки агар мо ҳарчӣ бештар ба онҳо маълумот диҳем, ҳамон қадар тафаккури онҳо рушд ёфта, васеъ мешавад. Азёд кардани шеър, ҳисоб карда тавонистан ба тафаккури кӯдак фишор намеорад, чунки онҳо бозӣ мекунанд. Ҳамин фаъолияти бозӣ ҷисми кӯдакро обутоб медиҳад ва ҷисми обутобёфта метавонад дилхоҳ сарбориҳои зеҳниро бардошт кунад.
-Кӯдаконро аз синни 5-6-солагӣ ба мактаб гузоштан хуб аст ё бад?
-Хуб мешавад, ки падару модарон фарзандони худро дар синни ҳафтсолагӣ ба мактаб монанд, чунки дар ин синну сол кӯдак аз лиҳози ҷисмонӣ баркамол мешавад ва ҳам тафаккураш ба ҷараёни таълим дар мактаб мувофиқат мекунад. Дар давраи шӯравӣ дар илми равоншиносӣ ба таври озмоиш кӯдакони шашсоларо ба мактаб ҷалб карданд, вале натиҷаи дилхоҳ надод. Беҳтараш ҳамон синни ҳафтсолагӣ аст, ки кӯдак дар кадом шароите набошад, ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам аз лиҳози равонӣ пухта мешавад, ташаккул меёбад.
-Кӯдакони пеш аз мӯҳлат ба дунё омадаро бояд дар чандсолагӣ ба мактаб монд? Оё тафаккури онҳо дар синни ҳафтсолагӣ хусусияти қабул кардани маълумотро дорад?
-Асосан ин масъалаи психофизиологӣ аст. Агар кӯдак ягон нуқсон надошта бошад, ҳамчун тифли муқаррарӣ таваллудшуда рушду инкишоф меёбад ва аз лиҳози ҷисмию равонӣ низ ташаккулёфта мегардад. Албатта дар синни ҳафтсолагӣ метавонад озодона ба мактаб равад ва тафаккураш барои гирифтани дилхоҳ маълумот омода аст. Вале агар кӯдак бо ягон нуқс ба дунё омада бошад, табибон муоина карда, то чӣ андоза рушд кардани тафаккури кӯдакро муайян менамоянд.
-Ба саволҳои кӯдакон беэътиборона ҷавоб додан то чӣ андоза роҳи ташаккули онҳоро маҳдуд месозад?
-Ин бесабриву бетаҳаммулии падару модар ва атрофиёни кӯдакро нишон медиҳад. Чунки онҳо аз хусусиятҳои синусолии кӯдаки 3-4-сола бехабаранд. Онҳо аҳамият намедиҳанд, ки дар ин синну сол кӯдакон ҳама чизро донистан мехоҳанд ва кунҷковӣ намуда, ҳар чизи медидаашонро савол медиҳанд. Маҳз ҷавобҳои мо барои рушди тафаккури кӯдак нақши калон мебозанд. Бояд падару модар ва атрофиён ба саволҳои кӯдак ҷавобҳои мушаххас диҳанд.

Султон КАРИМОВ,
донишҷӯи курси 3-юми
факултети журналистикаи ДМТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД