shoh palace
“РАЗБОР”- ДАР ХОНАИ ХУСУР
8814

 Ман Усмон, сокини шаҳри Душанбе, тоҷир. Насабамро намегӯям, чунки бисёриҳо маро хуб мешиносанд. Мехоҳам қиссаи зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам, зеро сарҳисоби корамро гум кардаам. Ман як марди обруманд, соҳиби пулу мол ва давлату савлати зиёдам.

Хонаву дари обод ва зану фарзандони гул барин зебо дошта бошам ҳам, мисли аксари мардони пулдор дилам ҳаваси зани ҷавон карду худро бо дасти худам гирифтори доми бало сохтам. Манижа ном зани айёреро дӯст доштаму рӯзам ба шаби тор мубаддал гашт. Дӯстонам таъкид мекарданд, ки худамро аз ин зан дур бигирам, чунки чашмонаш бозӣ мекунанд, вале ба гӯши мани аз ишқи Манижа Маҷнун гашта панду насиҳат намедаромад. Ҳушу хаёлам танҳо ба ҳамин зан банд буд, мехостам бо кадом роҳе набошад, ин нозанинро маликаи ҳарами хуб бисозам. Мани сода мехостам Манижаро ба никоҳи худ дароварда ба қавли кампиракон зани занон кунам. Мехостам аз ин зани кӯчагӣ чунон зани покдомоне созам, ки сад кас ҳавасашро хӯрад, вале...

Шарти зани сешавҳара

Манижа пеш аз ман се шавҳар карда аз ҳар як шавҳараш яктогӣ фарзанд дошт, вале вақте ба ӯ пешниҳди хнадоршавӣ ниҳодам, дар наздам шартҳои вазнин гузошта гуфт:

-Ту марди зану бачадор ҳастӣ ва шояд баъди як-ду сол маро партофта боз ба назди оилаи худат равӣ. Ман аҳмақ шудан намехоҳам, барои ҳамин, агар дили бо ман зиндагӣ кардан дшта бошӣ, бароям аз шаҳр хона харида, ҳуҷҷатҳяшро ба номи худам мекунӣ, баъд никоҳ мекунем. Хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ чор тарафат қибла!

Чашмони ман аз ишқи ин зан кӯр гашта буданд ва оқибати корро андеша накарда, шарташро қабул намудам, аммо...

Арӯси бачадор

Азбаски марди сарватманд ҳастам, харидани хона барои ман ягон мушкилӣ надошт. Дар байни як ҳафта аз биноҳои нави баландошёна як хонаи сеҳуҷрагии васеъ харидам ва онро бо усули замонавӣ таъмир намуда, пур аз техникаи рӯзгор ва мебелҳои қиматбаҳо намудам. Ҳуҷҷатҳои хонаро ба номи Манижа гузаронидам, баъдан мо маърака роста, дар шоҳиди хешу таборашн никоҳ кардем.

Хулласи калм баъди никоҳ ман арӯси бачадорамро ба хонаи наву зебо овардам ва барояшон тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардам. Маниджа зани дуюм бошад ҳам, шоҳона зиндагӣ мекард. Яхдонаш мудом пур аз гӯшту моҳию ҳасиб, дар танаш либосҳои қиматбаҳо, дасту гарданаш пур аз зару зевар, дар дасташ қабза-қабза пул, дилаш ба куҷое хоҳад, мерафт, гули чизро мехӯрду гули чизро мепӯшид. Фарзандони Манижаро ман аз бачаҳои худам дида бештар эрка мекардам ва мудом ба сайру тамошо мебурдам, барояшон ҳар рӯз қанду ширинию тӯҳфаҳои қиматбаҳо мехаридам, то эҳсос накунанд, ки падари худашон нестам. Кӯдакони зани дуюмам «дадаҷон» гӯён, дар гирдам мудом парвонавор давр мезаданд ва ман аз хурсандӣ курта-курта гӯшт мегирифтам, ки сари ин ятимаконро сила намуда, савоб мегирам. Шод будам, ки бо шарофати ман ин зан аз азобу ранҷи дарбадарӣ халос шуд ва дигар бо корҳи ҳаром машғул намешавад. Хулласи калом, мани ошиқ тамоми кори аз дастам меомадаро мекардам, то ки дили Манижахон ба ман гарм шавад, аммо...

Нози зани дуюм

Ҳамин тавр аз байн як сол гузашту Манижа ҳомиладор шуда, бароям як духтарчаи заркокул таваллуд кард. Хурсандии ман ҳадду канор надошт. Боварӣ дштам, ки тавлиди тифл моро боз ҳам ба ҳамдигар наздиктар карда, оилаамонро мустаҳкам месозад, вале хаёлам хом баромад.

Манижа баъди кӯдакдор шуданамон мудом “ин хона танг аст” гӯён, норозигӣ баён мекард. Маҷбур шудам, ки сеҳуҷрагиро фурӯхта барояш як ҳавлии калони сеошёна сохта диҳам.

Акнун зани дуюми ман дар ҳақиқат худро шоҳбону тасаввур карда, талаб мекард, ки барояш хизматгор бигирам. Мани аҳмақ ҳамсари эркааамро хафа кардан нахоста, ин хоҳиши Манижаро ҳам иҷро намудам, вале бар ивази ин ҳама некиҳоям ин зани кӯрнамаки беандеша коре кард, ки забонам ба гуфтанаш намегардад...

Макри зан, ҷуволи арзан

Вақтҳои охир ҳар гоҳе, ки ба занам занг занам, телефонаш банд буд. Дилам гувоҳӣ медод, ки ин зани сабукфикр боз ягон номаъқулиро сар кардааст, вале ҳар гоҳ ба хона равам, Манижаи маккора сад бор садқаву бандаам шуда, чунон вонамуд месохт, ки дар дунё ғайри ман касеро дӯст намедорад.

Як шаб дар хнаи зани якумам будаму маро хумори сӯҳбат бо Манижа гирифт. Қариб 10 бор занг зада бошам ҳам, фақат як сухан ба гӯшам мерасид: “Обонент занят”

Оташи рашк дар дилам аланга гирифт ва хун ба сарам заду дар ҳамон нимаи шаб ба мошин нишаста ба хонаи зани дуюмам рафтам. Азбаски худам калид доштам, дарвзаро оҳиста кушода вориди ҳавлӣ гаштам ва ба ошёнаи дуюм баромадам. Кӯдакон масти хоб буданд, вале чарғи хнаи хб ҳамоно фурӯзон буд. Нӯг-нӯги пой оҳиста-оҳиста то пушти дар рафтам ва аз роҳи дар ба дарун нигаристам. Манижа дар боли диван дароз кашида, бо касе гарму ҷӯшон чақ-чақ мекард...

Дарро бо шатта зада фиғон кашидам:

-Ту дар ин нимаи шаб бо кӣ ин қадар лақ-лақ мекунӣ?

Манижа баҳона кард, ки апааш бемор шудаасту ӯро дилдорӣ медод, вале дар дили ман ҳисси нобоварӣ пайдо шуда, ба худ қарор додам, ки инг масъаларо ҳамту намемонам.

Зҳиран худро ормшуда вонамуд намудам ва “занакҷон, шикамам аз гуруснагӣ танбӯр навохта истодааст, тезтар ягон чиз биёр хӯрем” гӯён, Манижаро ба шхна фиристодам. Занам дилу бедилон азх бистари хобаш бадар шуда, барои гарм кардани хӯрок рафт.

Аз фурсат истифода бурда, телефонашро тафтиш кардам ва охирин рақами занг задаро дар телефони худам сабт намудам. Азбаски аллакай соат аз яки шаб гузашта буд, қарор ддам, ки фардо аз паси таҳқиқи ин мавзуъ мешавам.

Сирри фошгашта

Рӯзи дигар ба ширкати мобилӣ рафтам ва дар бораи ҳамон рақам маълумот талаб намудам. Маълум шуд, ки симкорт ба номи як мард буда, ҳар рӯз чанд маротиба аз он рақам ба Манижа занг мезананд. Нисфирӯзӣ ба хона омадам ва боз занамро барои овардани хӯрок фиристода, аз телефони ӯ ба ҳамон рақам занг задам. “Лаббай асалак” гӯён, гӯширо барде бардошт. Хун ба сарам заду дод задам:

-Ту кӣ ҳастӣ, ки ҳар шаб ба зани ман занг мезанӣ?

-Худи ту кистӣ?-Паст наомада дд зад мард.

-Ман шавҳари Манижа, номард, шарм намедорӣ, ки ба зани шӯдор занг мезанӣ?! Як бори дигар кунӣ, очаи зоратро нишон медиҳам!-Таҳдид намудам ман, вале дар ҷавоб мард суханеро ба забон овард, ки ҳеҷ интизораш набудам.

-Инро бинанд-а, зани маро гирифтаасту боз таҳдид мекунад!-Заҳрханда кард он “буққа”.

-Ту чӣ гуфтӣ?! Манижа аз кай боз зани ту шудааст?-Пурсидам бо ғазаб.

-Ман шавҳари сеюми Манижа ҳастам ва то ҳол ӯро талоқ надодаам. Даюс, ту зани дар никоҳи ман бударо ба занӣ гирифтаию боз шарм надошта «очаи зоратро нишон медиҳам» гуфта таҳдид мекунӣ

Ин гапро шунида ҳангу мангам канд ва чӣ гуфтанамро надониста телефонро хомӯш кардам.

“Разбор”- дар хонаи хусур

Ҳамин лаҳза Манижа жар даст табақи гӯштбирён аз дар даромад. Худамро бо азоб дошта, табақро аз дасташ гирифтам ва амр намудам, ки либосҳояшро пӯшад, ба хонаи модараш меравем. Занам ҳарчанд сабаб мепурсид, чизе нагуфта, Манижаро рост ба хонаи волидонаш бурдам. Падару модараш ғофил аз сабаби омадани мо бо чеҳраи кушода ба пешвозамон баромаданд. Азбаски ман ҳамеша ба падару мдари занам ёрӣ мерасонидам, онҳо маро аз бачаҳои худашон бештар дӯст медоштанд. Хушдманам ба келинҳяш фармуд, ки зуд дастурхон ороста, як оши палави сергӯшт пазанд,а ммо ман монеъ шудам ва хҳиш кардам, ки ба ғайр аз манижаю падару модараш дигар ҳама аз хона бароянд. Аҳли оила ҳайрон-ҳайрон ба ҳамдигар нигариста, аз дар баромаданд.

Вақте танҳо мондем, ман ба падару модари Манижа рӯй оварда гуфтам:

-Шавҳараш талоқи Манижаро надода будааст, барои чӣ инро аз ман пинҳон доштед? Шумо ду дами ба мӯятон сафедӣ дамида магар намедонед, ки дар як вақт бо ду мард никоҳ кардани зани мусулмон раво нест ва ин гуноҳи азим ҳисоб мешавад?! Ман зино накунам гуфта Манижаро никоҳ карда гирифтам, вале шумоён маро ба доми бало тела додед…

Падару мдари Манижа ба имонашон қасам хӯрданд, ки аз ин гап хабар надранд, худи занам бошад, мисли шайтон зор-зор гиря мекард, ки ин гап дурӯғ аст ва бо шавҳари пештарааш ягон робита надорад. Барои исботи гапам ман боз ба ҳамон рақам занг задам. Шавҳари сеюмаш бз ҳамон гапро такрор карда гуфт, ки то ҳол ӯ Манижаро талқ накардааст ва онҳо ҳар шаб то як поси шаб гап мезананд.

-Мард бошӣ, ҳозир хеста биё, масъаларо дар ҳамин ҷо ҳал мекунем, агар Манижа туро интихоб кунад, ман талоқашро медиҳам, вале маро интихоб кунад, ту аз ҳаёти мо ғайб мезанӣ,-гуфтам ба шавҳари занам.

Вай розӣ шуд ва ним соат нагузашта расида омад.

Ман дар назди волидони Манижа қасам хӯрдам, ки агар дилаш то ҳол ба шавҳараш кашол бошад, инро шкоро гӯяд, ҷавобашро дода бе ҷангу ҷанҷол баромада меравам.

Манижа ҳанӯз лаб накушода, шавҳараш бо заҳрханда гуфт:

-Эй мардак, ту ҳушёр ҳастӣ ё не, агар ин занак ба ман даркор мешуд, ӯро намепартофтам…

Ин гапи шӯяш ба Манижа сахт расид ва девонавор дод зад:

-Ман ҳам аз рангу рӯйи ту безорам! Фақапт ба хотири писарам бо ту гап мезадам. Аз ҳамин рӯз эътиборан дигар ба ман занг назан ва бача дорам ҳам нагӯй. Ту дигар фарзанд надорӣ!

Ҳамин тавр шӯйи занам баромада рафту волидони Манижа дар назди ман ба зону зада, хоҳиш карданд, ки духтарашонро талоқ надиҳам. Манижа ҳам сад қасам мехӯрад, ки байни ӯ ва собиқ шавҳараш чизе набуд, танҳо ба хотири писараш бо ӯ гап мезад, аммо ман дигар ба ин зан бовар надорам.

Байни дуроҳа монда, чи кор карданамро намедонам. Аз як тараф то ҳол Манижаро дӯст медорам, вале аз тарафи дигар метарсам, ки баъди чанд вақт боз ягон шавҳари дигараш пайдо шуда, ҳаётамонро заҳролуд насозад.

Илтимос ба ман маслиҳат диҳед чи кор кунам: Манижаро талоқ дода хонаву дарро ба ӯ бубахшаму баромада равам ё хатои зани дуюмамро нодида гирифта, зиндагиро бо ӯ идома диҳам?

Бо эҳтиром: Усмон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД