Arzon march 2024
РИТИК РОШАН: ДИЛАМ АЗ ЗАНҲО МОНДААСТ...
3336

Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Ритик Рошан.

Сол ва ҷойи таваллуд: 10.01.1974, шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон.

Касб: раққос, ҳунарманд ва коргардон.

Ҷоиза: 4 ҷоизаи “Filmfare Awards”, 5 ҷоизаи “IIFA Awards”, 3 ҷоизаи “Screen Awards”, 2 ҷоизаи “Zee Cine Awards”, 3 ҷоизаи “Stardust Awards” ва 2 ҷоизаи “Sansui Awards” барои беҳтарин нақши мардона.

Вазъи оилавӣ: феълан муҷаррад, соҳиби ду фарзанд.

Ҳамсараш: Сузанна Хон, тарроҳи ҳинд, ки бо ҳунарманд 13 сол зиндагӣ кардааст (2000-2013).

Ритик Рошан, тобноктарин ситораи синамои ҳинд аз 6-солагӣ ба фаъолияти худ оғоз бахшидааст. Давоми 40 сол мешавад, ки дар филмҳои истеҳсоли синамогарони ҳинд нақш меофарад ва шумораи филмҳои ӯ ҳадди 30-ро убур кардаанд. Падараш мехост, ки ӯ коргардон бошад, вале Ритик ба ҳунари модараш майл дошт ва маҳз ҳамин хоҳишаш ӯро ба ҷодаи ҳунар овард. Атрофи кору зиндагиаш суҳбате доштем, ки фишурдаи онро аз матлаби зер мутолиа намоед.

-То ҷое медонем, падаратон ҳамеша мехостанд, ки мисли он кас коргардон шавед, вале шумо бар зидди хоҳиши эшон баромадед, чаро?

-Падарам худ коргардон ҳастанд ва мехостанд, ки ман ҳам касби он касро ёд гирифта, ёрдамчиашон шавам. Вале агар росташро гӯям, коргардонӣ ба ман писанд нест. Ман мисли модарам ҳунарманд шудам ва ин ба дили ман наздиктар аст.

-Дар кӯдакӣ забонатон лакнат дошт ва дар дасти ростатон ангушти зиёдатӣ доштед. Чаро забонатонро табобат кардеду аз ангушти зиёдатӣ халос нашудед?

-Агар лакнати забонамро табобат намекардам, шояд ҳоло ба ин дараҷа муваффақ намешудам. Албатта, забони бурро дар рушди инсон саҳми арзанда дорад. Ангушти зиёдатиам бошад, аслан ба ман халал намерасонад. Ҳатто дард намекунад. Худо, ки чунин офаридааст, ман ҳам аз он халос шудан нахостам.

-Ҳамасола расонаҳои дохиливу хориҷӣ андоми зебову ҷаззобатонро ба назар гирифта, шуморо шаҳватангезтарин мард интихоб мекунанд. Ба андешаи онҳо розӣ ҳастед?

-Ман пайваста ба варзиш машғулам, аммо на ба хотири он ки маро ҳамчун шаҳватангезтарин мард дар ҷаҳон ё дар ҳудуди Осиё интихоб намоянд. Якум, варзиш ба саломатӣ фоида дорад. Дувум, мехоҳам, ки нақшҳоям табиӣ ва ҷаззобу хотирмон барояд.

-Ҳафт сол мешавад, ки тани танҳо зиндагӣ доред. Чаро то ҳол оиладор нашудед?

-Намехоҳам, ки писаронам Реҳан ва Ридан азоб кашанд. Ба хотири онҳо ман танҳоиро таҳаммул мекунам. Дар мавриди оиладоршавӣ то ҳол тасмими ҷиддӣ нагирифтаам. Мисле ки дилам аз ҷинси зан хунук шудааст...

-Бо собиқ ҳамсаратон муносибаҳоятон чӣ гуна аст? Рафту омад доред?

-Зиндагии якҷоя надорем, вале дӯсти ҳамдигар ҳастем. Сузанна зуд-зуд ба хабаргирии писаронамон меояд. Чуноне дар боло гуфтам, ба хотири хушбахтии фарзандонам тайёрам, ки ҳатто бо собиқ ҳамсарам дӯст бошам, ҳарчанд осон нест. Баъзеҳо аз ман мепурсанд, ки чаро бо собиқ ҳамсарам ин қадар меҳрубонам. Аз ҳамдигар ҷудо шуданамон ин маънои онро надорад, ки мо қаҳрӣ ва аз якдигар нафрат дошта бошем. Писаронам бояд донанд, ки модари онҳо ҳамеша лоиқи дӯстдориву меҳрубонист. Онҳо низ бояд дар ҳамин рӯҳия тарбия ёбанд.

-Хонум Сузанна дубора оиладор шуд?

-На... Ӯ ҳам дигар хонадор нашуд. Шояд мисли ман дилаш аз ҷинси мард хунук шудааст. Ё шояд дертар оиладор мешавад. Намедонам...

-Аз оне ки хонавайрон шудед, киро гунаҳкор мекунед? Худатонро ё хонум Сузаннаро?

-Тақдирро...

-Аз овозаҳои рӯзҳои охир хабар доред?

-Медонам... Гӯиё Карина Капур маъшуқаи ман бошад. Худоё, ҳаминаш намерасид. Чунин овозаҳои бардурӯғро аз куҷо мебароранд? Сайф (шавҳари Карина Капур) нафаҳмад, ки вазъият бад мешавад (механдад).

-Дар оянда нақша доред, ки пурра ба коргардонӣ рӯ оред?

-Пурра не, аммо ҳамчун коргардон филмеро ба навор гирифтан мехоҳам. Ин ҳам ба хотири падарам, ки зиёд мехостанд ман коргардон бошам. Боз мегӯям, ки ба ман аз коргардонӣ дида, дар филмҳои гуногун нақш офаридан ҷолибтар аст.

-Реҳан ва Ридан дар оянда кӣ шудан мехоҳанд? Атрофи нақшаҳои ояндаи фарзандонатон ҳамроҳашон суҳбат мекунед?

-Бовар мекунед, дар ин бора ҳатто лаб во накардаам. Ба варзиш машғул мешаванд, баъзан ҳамроҳи ман ба майдони сабт мераванд, суруд ҳам мехонанд. Аммо ҳанӯз гуфта наметавонам, ки дар оянда аниқ кӣ шудан мехоҳанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД