shoh palace
Роҳи мошингард ҷойи яхмолакбозӣ гаштаву...
907


Сокинони Панҷакенти бостонӣ дар 10-15 соли охир чунин барфи сахту ин гуна хунукиро ёд надоранд.

photo_2023-01-13_10-10-40

Пирони солхӯрда мегӯянд, ҳар фасли сол ба худаш мувофиқ ояд бисёр хуб аст ва бориани барфи зиёд аз пурфайзу баракат гаштани сол дарак медиҳад, вале тайёр набудани масъулин ба чунин зимистони шадид боиси нигаронӣ гаштааст.

photo_2023-01-13_10-10-42

Намедонам кормандони бахши роҳи шаҳри Панҷакентро хунук зад ё ҷуръати дар чунин сармои шадид ба кӯча баромаданро намекунанд, ки роҳҳо ҳама пур аз барфу яху касеро парвое нест. Боре надидам, ки роҳро бехатар ё тоза карда бошанд.

photo_2023-01-13_10-10-44 (2)

Дар як шоҳроҳи калони Айнӣ-Панҷакент, ки беист мошин мерафту меомад, акнун дар ним соат як мошин мегузарад ё не! Ронандагонро ҳам фаҳмидан мумкин, охир дар ин яхбандӣ чи гуна ба роҳ бароянд? Ҷони инсон азиз аст!

photo_2023-01-13_10-10-46

Роҳи мошингард ба майдони яхмолакбозии кӯдакон табдил ёфтааст, одамон низ аз ин роҳ гузаштан метарсанд. Метарсанд, ки мабодо афтида, дасту по ё ягон узви дигарашонро нашикананду захмӣ насозанд, метарсанд, ки ягон мошини тасодуфан аз роҳ баромада онҳоро зада аз ҳаёт маҳрум насозад, метарсанд, ки боз ягон фалокати дигар сар назаданд...

photo_2023-01-13_10-10-44 (2)

Умедворем, ки масъулини роҳ ниҳоят аз хоби барфӣ медор шуда, роҳҳоро аз барфу ях тоза мекунанд ва дигар камбудиҳоро бартараф месозанд, то ки мардум ба ҳаёти муқаррари худ баргарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД