arzon replenishment
Роҳи тоҷикон ба зиёрати Каъба кушода мешавад?
803


Тавфиқ ар-Рабиа вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба мусалмонони ҷаҳон хабар расонид, ки монеагиҳое, ки дар давраи “Ковид-19”роҳандозӣ шуда буданд, аз байн бардошта шуда, пардохт барои ҳаҷи “Умра” ба 62 доллар ва ҳаққи суғуртаи ҳоҷиён ба 23 доллар поин бурда шуд.


"Аз оғози соли равон сарпарастони корҳои ҳаҷ метавонанд бо дилхоҳ ширкатҳои расмӣ дар дохили Арабистони Саудӣ созишнома ба имзо расонанд."

Ин дар ҳолест, ки дар даҳсолаҳои ахир ин сарпарастон барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои муайян водор карда мешуданд ва албатта ин иқдом дар баланд бардоштани сатҳи рақабатпазирӣ саҳм гузошта, барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои гуногун фазои мусоид фароҳам хоҳад овард.

Вазири ҳаҷ ва умра оид ба барқароршавии теъдоди ҳоҷиён ба ҳолати қабл аз вабои ҳамагир, бидуни маҳдудияти синну сол хабар дода, барои шиносоии ҳоҷиёну умракунандаҳо бо зиндагиномаи Пайғамбари Ислом ва ёрони гиромиаш Шоҳирагӣ корҳои тадорукотиро барои омода сохтани беш аз 20 намоишгоҳ ва беш аз 100 ёдгориҳои таърихӣ оғоз кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД