Роҳҳои осони ба маликаи ҳусн табдил ёфтани зан
03.01.2026
Oila.tj
121

Мехоҳед пӯсти рӯятон зебову ботароват ва ҷавону дилкаш бошад? Пас аз рӯйи ин тавсияҳо амал намоед.

Банан-манбаи зебоӣ

Барои рафъ намудани хушкиву кашидашавии пӯсти рӯй, аз банан малҳами ғизобахш омода созед. Як банани миёнаҳаҷмро кӯфта, ба он 1 қошуқча малҳами ғизобахш, 1 қошуқча равғани зайтун ва ним қошуқча шарбати лимӯ илова намуда, нағзакак омезед. Малҳами тайёршударо ба пӯсти рӯй молида, 15-20 дақиқа нигоҳ дореду сипас бо оби ширгарм шӯед.

Картошка пӯсти атрофи чашмро ҷавон месозад

Картошкаи хомро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронида, ба пӯсти атрофи чашм гузореду 20 дақиқа нигоҳ доред. Ин сабзавот оби зиёдатиро аз пӯсти атрофи чашм ҷабида мегирад. Таги чашмонатон сиёҳ мешуда бошад, 2 халтача чойи кабуд ё сиёҳро дар оби ҷӯшида андохта то хунук шуданаш нигоҳ доред ва сипас халтачаҳои чойдоштаро ба болои чашмонатон гузошта 15-20 дақиқа об равед. Ба ғайр аз халтачаҳои чой, докачаҳои дар шир таркардашуда низ сиёҳиро нест мекунанд.

Кефир-давои пӯсти хаста

Барои рафъ намудани осори хастагӣ ва баргардонидани ҳусни рӯй аз кефир ниқоб омода созед. Барои ин ҳамагӣ 100-200 мл кефири равғанин лозим меояд. Давоми 15-20 дақиқа, кефирро чанд маротиба ба рӯятон молида, сипас бо оби ширгарм шустушӯ кунед.

Ниқобе, ки ба пӯсти рӯй тароват мебахшад

Пӯстатон равғанин бошад, сафедии тухм, равғани зайтун ва чанд қатра лимӯро омехта карда ба рӯятон молед.

Ба бонувони пӯсти рӯяшон хушк тавсия медиҳем, ки фаллаву сметанаро омехта намуда, то яклухт шуданаш аралаш карда ба пӯсти рӯйшон моланд.

Рафту пӯсти рӯятон на равғанину на хушк, яъне муътадил бошад, як дона банани пӯсткардаро кӯфта, як қошуқ шарбати навҷабидаи грейпфрутро илова кунеду ба пӯсти рӯятон молед.

Роҳҳои осони халосӣ аз рангпаридагӣ

Барои рафъ намудани рангкандагӣ аз ниқобҳои ғизобахш ва меваву сабзавотҳо истифода баред.

Барои пӯсти хушк: 2 сабзии миёнаҳаҷмро аз турбтароши сӯрохиҳояш хурд гузаронида, бо зардии як дона тухм омезеду ба пӯсти рӯятон молед. Баъди 10-15 дақиқа бо оби ширгарм шустушӯ кунед. Барои пӯсти муътадил ва омехта: Сафедии тухмро бо 2-3 қошуқ шарбати бутамеваи калина омехта намуда ба пӯсти рӯятон моледу 10-15 дақиқа нигоҳ доред, сипас рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.

Агар пӯсти рӯятон ялаққос занад...

Пӯсти рӯятон равғанин бошаду ялаққос задани рӯятон табъатонро хираву макияжи шуморо вайрон намояд, аз маслиҳати косметологон истифода баред. Дар бонкачае каме об ва сиркои сафедро омезиш дода, докачаеро дар он тар карда, рӯятонро молиш диҳед. Сирко равған ва ифлосиҳои дар сӯрохичаҳои хурди пӯст дармондаро тоза мекунад. Амалиёти мазкурро қабл аз пардоз иҷро намоед, он гоҳ усмаву сурмаи молидаатон то дергоҳ боқӣ мемонад.

Муъҷизаи шустушӯ бо ях

Пӯсти рӯйро бо истифода аз пораҳои ях чандиру рухсораҳоро лолагун кардан мумкин аст. Пораҳои яхро аз гиёҳоби бобуна ё шарбати калина омода карда метавонед. Расиши пораҳои як бояд сабук бошад. Дар рӯй нигоҳ доштани пораҳои ях аз 1-2 сония зиёдтар мумкин нест, чунки пӯст осеб меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД