shoh palace
Россия: Муҳоҷири тоҷикро барои ҳамла ба пулис ҳабс карданд
462


Рӯзи 18-уми августи соли равон додгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия як ҷавони 24-солаи тоҷик бо ҷурми мусоидат ба фаъолиятҳои террористӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Худойдод Ҳакимов ҳамчунин дар ҳамла ба кормандони пулис муттаҳам дониста мешавад...


Се соли аввали ҳукми худро Худойдод Ҳакимов дар шароити сахттарин, дар маҳбаси пӯшида адо хоҳад кард, 4 соли боқиро ин ҷавони тоҷик дар маҳбаси низомаш сангин мегузоронад. Дар ин бора Бомдод дар такя ба расонаҳои русӣ хабар додааст.


“Барномаи “Степень защиты” дар шабакаи телевизионии “Петербург” дар як гузориши вижа аз толори додгоҳ хабар дод, ки Худойдод Ҳакимов ба Петербург аз Тоҷикистон омада, дар як корхона (завод) ба кор даромад ва ҳамроҳи гуруҳе аз ҳамватанҳояш дар манзиле дар хиёбони Стачкии ноҳияи Киров дар қисмати ҷанубии шаҳр иҷора менишаст. Моҳи июни соли 2020 ФСБ якбора 7 бошандаи ин хонаро бо иттиҳоми пайравӣ ба ақидаҳои тунди исломӣ дастгир кард”-менависад манбаъ.


ТВ “Петербург” дар гузоришаш бо такя ба маводи парванда мегӯяд: “Бино ба фарзияи тафтишот, ин 7 нафар мехостанд ба Сурия рафта, ба ҷангҷӯёни созмони террористии дар Русия мамнӯъ (манзур: ДОИШ) бипайванданд, вале пеш аз ин, онҳо қасд доштаанд, ки ба кормандони пулис дар Петербург ҳамла оварда, ҳам аслиҳа ба даст биоранд ва ҳам боварии фармондеҳони ояндаи худро соҳиб шаванд. Дар сурати ба далеле иҷро нашудани ин нақша онҳо ҳамчун нақшаи алтернативӣ куштори мардуми оддиро низ баррасӣ мекарданд”.


Ба ақидаи тафтишот, маҳз Худойдод Ҳакимов ҳамватанҳои худро ба чунин фаъолиятҳои террористӣ даъват мекардааст. Худи ӯ барои шарҳи ин иттиҳомот дастнорас аст, вале бино ба гузориши ТВ “Петербург”, Ҳакимов дар ҷараёни мурофиа ба ин иттиҳомот иқрор карда, тамоми гуноҳро ба гардани худ гирифтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД