35 years of independency
Рустами Эмомалӣ бо тарҳи сохтмони «Тошканди нав» шинос шуд
04.11.2026
Оила
49

Рустами Эмомалӣ бо тарҳи сохтмони «Тошканди нав» шинос шуд

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари расмӣ ба Ӯзбекистон бо лоиҳаи бузурги шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос гардид.

Тавре парлумони Ӯзбекистон хабар медиҳад, Рустами Эмомалӣ нахуст дар боғи «Ӯзбекистони нав», назди пояи Ёдгории истиқлол гулчанбар гузошт.

Сипас ба ҳайати Тоҷикистон консепсияи лоиҳаи «Тошканди нав», аз ҷумла нақшаҳои рушди инфрасохтори муосири нақлиётӣ, шабакаҳои муҳандисию коммуналӣ, бунёди майдонҳои сабз ва иншооти иҷтимоӣ муаррифӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, ҳайати Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз Донишгоҳи «Ӯзбекистони нав» боздид намуда, бо фаъолияти он, ташкили раванди таълим ва инфрасохтори муосири муассиса шинос гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД