sebiston july new
Рустами Эмомалӣ ХӯҷаназариАминиёнро сармуҳаррири «Садои мардум» таъин кард!
1010

 

Роҳбарияти яке аз нашрияҳои бонуфузи кишвар “Садоми мардум” иваз шуда, бо қарори якҷояи раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба ҷойи Самариддин Асозода дар рӯзномаи парлумон Хӯҷаназари Аминиён сармуҳаррир таъин гашт.

Хабари бо қарори якҷояи раисони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Рустами Эмомалӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадтоҳир Зокирзода сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” таъин шудани Хӯҷаназари Аминиёнро як манбаъ аз парлумони кишвар ба хабарнигори сомонаи pressa tj тасдиқ намудааст.

Хӯҷаназари Аминиён кист?

азиз

Хӯҷаназари Аминиён 20-уми марти соли 1972 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омада, соли 1995 факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аминиён фаъолияти журналистиашро соли 1995 дар «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси мудири шуъбаи мухбирони минтақавӣ оғоз намуда, аз соли 1996 то соли 1999 мухбири махсуси «Телевизиони Тоҷикистон» дар Вилояти Хатлон, солҳои 1999-2005 муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои иттилоотӣ ва аз соли 2005 то соли 2006 сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисодии «Телевизиони Тоҷикистон» буд. Аз соли 2006 то соли 2008 муовини аввали сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ, аз моҳи ноябри соли 2008 то феврали соли 2012 сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ва аз 1-уми феврали соли 2012 то 1-уми ноябри соли 2012 ба ҳайси мудири шуъбаи танзими барномаҳои «Телевизиони Тоҷикистон» фаъолият намудааст.

Хӯҷаназари Аминиён аз моҳи ноябри соли 2012 аз нав ҳамчун сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ва аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи майи соли 2016 ба ҳайси муовини директори “Телевизиони Тоҷикистон” кор кардааст. Аминиён аз моҳи майи соли 2016 инҷониб сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» буд.

Дар давоми фаъолияти кориаш дар “Телевизиони Тоҷикистон” барои иштирок дар конфронсу чорабиниҳои омӯзишии воситаҳои ахбори омма ва инъикоси чорабиниҳои муҳим ба шаҳрҳои Истамбул ва Анқараи Ҷумҳурии Туркия, шаҳрҳои Урумчи, Пекин, Ичан, Синан, Сиан, Хубей ва Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин, шаҳрҳои Теҳрон, Қум, Кошон, Исфаҳон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳри Киеви Украина, шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария, шаҳрҳои Москва, Уфа ва Оренбурги Федератсияи Россия ва шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафарҳои хизматӣ анҷом додааст.

шоираи азиз

Аълочии телевизион ва радио (соли 2009), Аълочии матбуот (соли 2012), Аълочии фахрии маорифи Тоҷикистон (соли 2013) ва Аълочии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2016) мебошад.

 

ШОИРА МАҲМАДИЕВА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД