arzon november
РӮЗИ ҚИЁМАТ ДУШМАНИ ПАЙҒАМБАРИ ХУДО НАШАВЕД, МАРДҲО!
2514

Дашному ҳақорат ва задану озор додани зан одати маъмулии иддае аз мардони тоҷик гаштааст. Зани бечора рӯзи дароз аз паси рӯфтану шустан, дӯхтану пӯхтан, нигоҳубини фарзандону ташвишҳои зиндагӣ овора аст, то шавҳар ва аҳли хонаводааш бароҳат умр ба сар баранд, аммо дар ҷавоби ин ҳама ҷонфидоиҳо мудом аз мард шаттаву шаллоқ мехӯрад.

Аксари занҳои тоҷик аз рӯйи масали халқии “сари кафида - зери тоқӣ” амал намуда, ба хотири вайрон нашудани оилаашон лаб зери дандон мегиранд ва ба кирдорҳои ҳамсарашон чашм мепӯшанд, аммо ин хомӯшии зан мардро торафт бераҳмтар гардонида, оқибат боиси сар задани ягон фоҷиаи нохуш мегардад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 23 - солаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ҷурми расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба шахси дигар хабар додааст. Ин ҷавон зимни моҷарои оилавӣ ҳамсари 25 - солаашро бераҳмона лату кӯб намуда, осеби зиёди ҷисмонӣ расонидааст. Тибқи хулосаи судию тиббӣ зани ҷабрдида аз мушту лагади шавҳар захмҳои зиёде бардоштааст, ки барои ҳаёт хатар доранд.

Мақомоти тафтишотӣ нисбати ин марди золим бо қисми 1 - и моддаи 110 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз намуда, тафтишоти ин қазия идома дорад. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин шавҳари муштзӯр барои лату кӯби ҳамсараш дар назди қонун ҷавоб гуфта, чанд соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Мардҳои азиз, зан чароғи хонадон ва маънию лаззати зиндагист. Ҳаёти одамӣ бидуни зан маънӣ надорад. Ба қадри заҳматҳои ин фариштаи заминӣ бирасед ва хотири нозукашро бо сухани талху рафтори ноҷо озор надиҳед.

Фаромӯш накунед, ки Худо занро аз барги гул нозуктару аз санги хоро сабуртар офаридааст. Даст бардоштан ба сари ин мавҷуди заиф, ки қудрати панҷа задан бо мардро надорад, нишонаи номардист. Фаромӯш накунед, паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад (с. в. с) гуфтааст: “Марде, ки бе сабаб занро мезанад, ман, ки паёмбари Худо ҳастам, дар рӯзи қиёмат душмани ӯ хоҳам буд!”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД