Сабӯсаки сар танҳо камбудии зоҳирӣ нест. Он метавонад бо хориш, сурхшавӣ ва нороҳатии доимӣ ҳамроҳ бошад.
Аз нигоҳи тиббӣ, сабӯсак ҳолатест, ки дар он навшавии ҳуҷайраҳои пӯсти сар тез мешавад. Дар ҳолати муқаррарӣ пӯст дар давоми 3–4 ҳафта нав мешавад. Аммо ҳангоми сабӯсак ин раванд хеле зуд мегузарад ва ҳуҷайраҳо ба шакли поғачаҳои сафед намоён ҷудо мешаванд.
Сабаби асосӣ - афзоиши зиёди занбӯруғҳои навъи Malassezia, ки дар пӯсти аксари одамон мавҷуданд. Вақте дар пӯсти сар равғаннокӣ зиёд мешавад ё ҳангоми тағйири гормонҳо дар ҷисм ин занбӯруғҳо фаъол шуда, илтиҳобро ба вуҷуд меоранд.
Чаро пайдо мешавад?
Дар мардон бештар бо фаъолияти баланди ғадудҳои чарбӣ ва таъсири гормони тестостерон вобаста аст. Аз ҳамин сабаб, пӯсти сар равғаннок шуда, шароити хуб барои занбӯруғ фароҳам меояд.
Дар занон сабаб бештар ба тағйироти ҳормонӣ (давраи ҳайз, ҳомиладорӣ, пас аз таваллуд, менопауза) ва истифодаи зиёди воситаҳои ороишӣ вобаста аст. Шампунҳои сахт, скрабҳо ва ранг кардани зуд-зуд метавонанд пӯстро осебпазир гардонанд.
Стресс, камхобӣ, тамокукашӣ ва нигоҳубини нодуруст низ вазъро бадтар мекунанд.
Оё сабӯсак пурра табобат мешавад?
Сабӯсак одатан хусусияти такроршавӣ дорад. Яъне, онро метавон зери назорат гирифт, аммо ҳамеша пешгирӣ ва нигоҳубини дуруст лозим аст. Занбӯруғҳоро пурра нест кардан имкон надорад, вале афзоиши онҳоро метавон кам кард.
Дар хона чӣ гуна табобат кунем?
Барои шаклҳои сабук шампунҳои доругӣ кӯмак мекунанд. Шампунро бояд ҳафтае 2 маротиба истифода бурда, чанд дақиқа дар сар нигоҳ дошт. Пас аз беҳбудӣ ба реҷаи нигоҳдорӣ гузаштан муҳим аст. Усулҳои “хонагӣ” мисли равғанҳо, сирко, шарбати лимӯ ё маҳлулҳои спиртӣ тавсия намешаванд. Равғанҳо равғаннокиро зиёд мекунанд, сирко ва спирт пӯстро месӯзонанд ва илтиҳобро бештар месозанд.
Истифодаи худсаронаи малҳамҳои гормонӣ низ хатарнок аст, онҳо танҳо бо тавсияи духтур иҷозат дода мешаванд.
Кай бояд ба духтур муроҷиат кард?
Агар пас аз 3–4 ҳафтаи истифодаи шампуни доругӣ беҳбудӣ нашавад, хоришу сурхшавӣ зиёд гардад, доначаҳо берун аз сар (абрӯ, пушти гӯш, рӯй) паҳн шаванд ё мӯй зиёд резад, ҳатман ба духтури дерматолог муроҷиат кунед.
Баъзан зери ниқоби сабӯсак бемориҳои дигар, мисли дерматити себореявӣ ё псориаз пинҳон мешаванд. Машварати мутахассис роҳи дурусттарин ва бехавфтарин аст.