formula
САДАМАИ ХУНИН ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ-ХУҶАНД
11845

Боз як ҷомаи домодӣ дар сари мех зору ҳайрон монд!
Боз як модари тоҷик дар сӯги писар хун мегиряд!
Боз як хонаи тоҷик мотамсарой гашта, фазояш ба дуди ғам олуда гашт!
Боз як ҷавонмарди тоҷик орзуву ормонҳои худро зери хоки сард бурд!
Боз хун рехт, хуни одамизод!

Ва сабабгори ин ҳама фоҷиаву дарду ғам суръат аст. Суръати тезе, ки бадбахтона аксари ронандагони тоҷик, хоса ҷавонон ошиқаш ҳастанд. Суръати сархӯре, ки аксаран боиси рӯй додани садамаи нақлиётӣ ва марги одамони бегуноҳ мегардад.

Ин дафъа суръати баланд боиси сар задани садамаи хунин дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок гашт. Юсуфҷонов Мансурҷон Раҳматҷонович, ронандаи автомашинаи тамғаи “Рав-4” ҳангоми ҳаракат дар ин шоҳроҳ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон қудрати идора кардани мошинро аз даст дод. Дар натиҷа сабукрав ба самти муқобили роҳ баромада бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” бархӯрд.
Дар ин садамаи хунин Саидабдураҳмон Абдураҳмонови 21-сола, ки сари чамбараки ОПЕЛ нишаста буд, ҷони ширини худро аз даст дод.
Ин ягона талафоти ҷонӣ дар шоҳроҳи мазкур нест. Шоми 18-уми сентябр, тахминан соатҳои 17:30 ронандаи автомашинаи тамғаи “Ниссан-Теанна” Ҷабборов Ғаниҷон Ҷалиловичи 44-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хӯҷанд-Чаннок дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада ба мошини «Мерседес» бархӯрд.
Дар ин садама ҳарду ронанда ҷон ба саломат бурда бошанд ҳам, мусофир Акрамова Дилбар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошт. Ҳарчанд ҷабрдидаро фавран ба бемористон бурда бошанд ҳам, табибон натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот диҳанд. Ин зани 54-сола дар бемористон ҷон ба ҷонситон супурда, бо дили пурормон абадан бо зиндагӣ хайрбод гуфт. Тафтишот аз рӯйи ин ду ҳодиса идома дорад.
Мо ба хонаводаҳое, ки наздикони худро дар ин садамаҳои хунин аз даст доданд, изҳори ҳамдардӣ намуда, дуо мекунем, ки ҷойи ин шаҳидони гулгункафан биҳишти ҷовидон бошад.
Ба ронандагон бошад, бори дигар ҳушдор медиҳем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошанд. Ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоред, охир шумо ҳам падару модар ва зану фарзанд доред. Нагузоред, ки бо айби шумо хонае мотамсарой ва падару модаре бе фарзанд гардад.
Фаромӯш накунед: эҳтиёт-ними ҳаёт аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД