arzon replenishment
Сафар ба Россия арзон ва осон шуд
755


Билохира, баъд беш аз ду соли интизориҳои тӯлонии мусофирон ҳаракати қатораҳо аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русия дубора ба рҳ монда шуд. Албатта сафар бо қатора тӯлонитар бошад ҳам, нисбатан арзон аст, бинбар ин, бисёриҳо мехоҳанд арзиши чиптаи қатораро бидонанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар смонаи расмиаш бо нашри як хабар аз аниқ шудани нархи чиптаи қатора барои сафар ба шаҳрҳои русияро эълон намудааст. Дар хабар омадааст, ки ҳаракати қаторҳои мусофиркаш байни Тоҷикистону Русия аз рӯзи сешанбеи 16 август дубора ба рҳ монда мешавад. Қатораи нахустин баъди якуним соли танаффус мусофиронро аз шаҳри Кӯлоб ба шаҳри Волгогради Русия мебарад.

“Арзиши билет дар қатораҳои мусофирбарии байналмилалии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар хатсайри Кӯлоб - Волгоград дар вагонҳои платскартӣ - 1580 сомонӣ (наздики 150 доллар), дар вагонҳои купе - 2040 сомонӣ (қариб 200 доллар), муқаррар гардида, дар дигар хатсайрҳо ҳам дар мувофиқа бо кишварҳое, ки қатора сарҳадашонро убур мекунад, нархи билет муайян карда мешавад”-омадааст дар хабар .

Ба рҳ монда шудани қаракати қатораҳо ба Русия хеле манфиатовар мебошад, зеро имрӯзҳо нархи парвоз ба Русия бо ҳавопаймоҳо тахминан аз 4 ҳазор сомонӣ шурӯъ шуда, то 7 ҳазор сомонӣ мерасад. Дубора барқарор гаштани хати ҳаракати қатораҳо имкон медиҳад, ки мардуми тоҷик ва хоса муҳоҷирони меҳнатӣ бо хароҷоти камтар ба Русия сафар намоянд.
Ёдрас мешавем, ки ҳаракати қаторҳои мусофиркаши Тоҷикистон ба Русия бо сабаби пандемияи коронавирус моҳи марти соли 2020 манъ шуда буд.

Ҳаракати ҳавопаймоҳо байни ду кишвар аз 1 апрели соли 2021 дубора оғоз ёфта бшад ҳам, барқарор кардани ҳаракати қаторҳои мусофиркаш якуним сол тӯл кашид.
Ҳаракати қаторҳои мусофиркаш дар хатсайри Кӯлоб – Волгоград аз 16 август, дар хатсайри Душанбе – Волгоград аз 27 август ва дар хатсайри Хуҷанд- Волгоград аз 7 сентябри соли 2022 ба роҳ монда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД