formula
САФАРИ БЕБОЗГАШТИ СОБИҚ ВАЗИР
3578


Ғофил манишин, бин, ки азизон ҳама рафтанд,
Аз дори фано силсиладорон ҳама рафтанд.
Аз гулшани ин даҳр ҳазорон ҳама рафтанд.
Пайғамбари мо, ҷумла имомон, ҳама рафтанд.

Мардуми тоҷик масали пурҳикмате доранд: “Марг гулчин аст”. Воқтҳои охир банда ба ҳақиқати ин мақоли мардумӣ ҳарчи бештару бештар қоил мешавам, зеро дар тӯли як соли охир сайёди аҷал беҳтарини беҳтаринҳоро аз мо рабуд.

Мунира Ҳакимова, Ҷамшеди Исмоил, Ҷӯрабек Назрӣ, Ҳабибулло Абдураззоқов, Фотима Ғуломова, Асалбегим Саодатова, Аҳмадшо Улфатшоев, Баҳром Ғаффурӣ, Мавлуда Обидова, Савринисо Сабзалиева, Назирмади Мӯсо....

Худоё, чи қадар сахту дарднок аст дарки ин ҳақиқати талх, ки ин фарзандони фарзона ва номбардори миллати тоҷик дигар нестанд. Беҳуда нагуфтаанд:

Марги соҳибдил ҷаҳонеро далели кулфат аст,
Шамъ, агар хомӯш гардад, доғи маҳфил мешавад.
Ҳар яки ин фарзонадилон шамъ на, чароғи равшане буданд дар осмони санъату фарҳанги миллати тоҷик ва бо офаридаҳои нотакрори хеш роҳи моро ба олами манавиёт равшан мекарданд, аммо...

Бадбахтона, тундбоди аҷал ин чароғҳои фурӯзони дунёи маънавии миллати тоҷикро яке пайи дигар хомӯш карда истодааст...

Инак, боз як марди донишманд, боз як фарзанди номдори миллати тоҷик, собиқ Вазири фарҳанг ва Ректори Консерваторияи Миллии Тоҷикистон Раҷабмад Амиров ин олами дударро абадан тарк намуд.


Раҷабмад Амиров 67-сол дошт ва чанд сол боз аз дарди ҷигар азият мекашид. Билохира, ҳамин дард ӯро ба домони хоки сард кашида, дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Эй дӯстон, маро ба пеши падар гӯр кунед,
Бо дасти дуо хонаам пурнур кунед,
Дорам сафари охират аз ин ҷаҳон,
Эй дӯст, биёр ба некӣ номам ба забон.
Раҷабмад Амиров фориғуттаҳсили Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, солҳои 1989-1990 ба ҳайси ректори ин донишкада фаъолият намудааст. Солҳои 2001-2004 муовини аввали вазири фарҳанг ва аз соли 2004 то 2007 вазири фарҳанги Тоҷикистон буд. Соли 2007 Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин шуд. Солҳои охир ба ҳайси ноиби ректори Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода кор мекард. Рӯҳат шод бод, эй марди хирадманд ва фарзонадил!
Марги ин чеҳраҳои саршиноси миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки сарфи назар аз мақму мартабааш дар зиндагӣ инсон дар рӯйи замин меҳмон аст. Аз ҳамин хотир мебояд ба қадри ҳар лаҳзаи умр расида, кӯшиш намоем, ки аз худ кори неку номи нек ба ёдгор гузорем, зеро аз одамӣ ба ғайрӣ некӣ дар ин дунё чизе намемонад. Ҳазрати Бедил беҳуда нагуфтааст:

Аҷал ҳар дам зи қасри умр хиште меканад, Бедил,
Пайи таъмири ин вайрона меъморе чунин бояд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД