sebiston july new
Сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
18.04.2024
ОИЛА.ТҶ
290

 

Имрӯз, 18-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро бо нишони эҳтирому самимияти олӣ ва ҳусни ҳамсоягиву бародарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифт.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом - Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони фурудгоҳ бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ду кишвари дӯст ва бо шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

- Зимни суҳбати хосае, ки байни сарони давлатҳо дар фурудгоҳ сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари давлатӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, дӯстӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо мусоидат хоҳад кард,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД