Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик иборат аз 180 нафар тавассути ҳавопаймои ширкати ватании “Сомон-эйр” барои адои маносики ҳаҷ озими Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шудаанд.
Дар расми гусели ҳаҷравандагон намояндагони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе иштирок намудаанд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳи ҳаҷравандагонро масъулони Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ истиқбол гирифта, онҳоро дар меҳмонхонаҳои шаҳри Маккаи Мукаррама ҷойгир намудаанд.