"Салла" - як навъ ширинии тоҷикӣ аст, ки онро бонувон бештар дар тӯю маърака ва иду ҷашнҳо мепазанд. Ин ширинӣ на танҳо лаззати хос дорад, балки бо шакли зебои худ ба гули садбарг монанд аст ва мизу дастархонро оро мебахшад.
Дар гузашта барои маросими "Идӣ"-и наварӯсон чунин шириниро омода мекарданд, ки пухтани он ҳатмӣ буд.
"Салла" ширинии зебову лазиз буда, шаклаш ба гули садбарг монанд аст. Имрӯзҳо низ он ҷузъи ҷудонашавандаи зиёфатҳои анъанавӣ ва маросими идона мебошад.
Барои пухтани тақрибан 20 дона салла чунин маҳсулот лозим аст:
Орди навъи якум - 1 килограмм
Тухм - 10 дона
Шакар - 200 грамм
Намак - 15 грамм
Об - 100 грамм
Чӯбакчаҳо (зубачистка ё гӯгирдчӯб) барои часпонидан.
Тарзи пухтани "салла"
Аввал тухмро омехта карда, ба он намакоб ҳамроҳ мекунанд. Ин омехтаро ба орди гирифта илова карда, хамир мекунанд. Баъди каме дам гирифтани хамир ба зуволаҳо тақсим карда, тавассути тирак (чӯб) боз (паҳн) мекунанд. Сипас онро 15-20 см бурида, мепечонанд ва барои часпидан чӯбакча мезананд ва дар равған мепазанд. Хоҳишмандон метавонанд барои зебову рангоранг шуданаш аз рангҳое, ки ба шириниҳо ҳамроҳ мекунанд, илова намоянд. Фаромӯш накунед, ки "салла"-ро тавассути чӯбак мепазанд. Чӯбакро аз дохили "салла" гузаронида, ба равған ду-се маротиба давр мезанонанд. Ҳамин тавр, "салла" омода мешавад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ