arzon november
САНЪАТ БЕ ҚУРБОНӢ НАМЕШАВАД
381



Лола Азизова, духтаре аз кӯҳистони дурдасти Тоҷикистон, пеш аз он ки вориди саҳнаи ҳунар шавад, дар замонаш ба навъи худ як инқилоб кардааст.

Ӯ нахустин бонуест, ки аз кӯҳистони Мастчоҳ ошкоро ба мақсади овозхон шудан озими шаҳрҳои калон гардидааст. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхони Ҳофизи шаҳри Хуҷанд соли 1982 Лола ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 1987 хатм мекунад. Солҳои 1982-1987 ин зани сар то ба по ҳунар овозхони дастаи бонувони рубобнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон, баъдан сарояндаи ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 1989 Лола Азизова ба дастаи ҳунарии «Дарё» гузашта, дар рушду нумӯи санъати мусиқии тоҷик нақши сазоворе гузоштааст. Барои хизматҳои шоистааш соли 1987 Лола Азизова бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2009 бо унвони баланди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон сазовор гаштааст. Имрӯз ҳунарманди нотакрор, хушсадову хушсимо, лолаи шукуфтае дар гулзори санъати тоҷик Лола Азизова дар меҳмонии ҳафтаномаи “Оила” қарор доранд.

-Лола Азизова дар ибтидо кӣ буданд?

-Ҳар як инсон дар зиндагӣ бисёр орзупарвар мешавад ва ман, як духтари деҳотӣ орзу мекардам,ки шахси намуна барои ҷомеа бошам.Замоне ки дар синфҳои чор-панҷ мехондам,мехостам муаллимаи фанҳои дақиқ бошам.Модари раҳматиам бисёр мехостанд, ки духтур шавам.Лекин истеъдоди овозхонии маро падарам ҳис карда, ба самти санъат равона намуданд.

-Барои як деҳотидухтар то ба қуллаи шуҳрат расидан душвор набуд?

-Хело мушкил буд.Ҳамон солҳо ҳатто барои муаллима ё табиб шудан духтарон иҷоза надоштанд. Лекин падари бузургворам,ки санъатдӯст буданд,ягона такягоҳу дастгири ман шуданд.Заҳматҳои он кас буд,ки ман ба ҳадафҳои худ расидам.Аммо сад афсӯс,ки замони донишҷӯӣ падарам дунёро тарк карданд.Бисёр мехостам имрӯз падарам дар барам бошанду муваффақиятҳои маро бубинанд.Кош он кас обрӯву шуҳрат, ҳурмату эҳтиром ва маҳбубияти дар байни мардум доштаамро медиданд.Боре нашуд,ки дар сари дастурхонам меҳмон шаванду як коса хӯрок ё луқмаи нони ба меҳр пухтаи маро бичашанд.Афсӯс,ки пиёлаи чойе аз дастам нахӯрданд. Дар насибу қисматам чунин будааст, ки дарди бепадариро аз ҷавонӣ таҷриба кардам.Имрӯз кӯдакиҳоямро ба хотир оварда, худро таскин медиҳам.

-Рост аст,ки шумо дар кӯдакиатон хеле шармгин будаед ва то ҳол иваз нашудаед?

-Бале,шармгин будам ва то ҳол чунин ҳастам.Лекин кӯшиш мекардам ҳамеша атрофиён маро бо лаби хандон бубинанд.Ҳеҷ вақт худро ҷиддӣ нишон намедодам. Инсон вақте ба камол мерасад, тағйир меёбад, ҳамчун омӯзгор имрӯзҳо каме ҷиддӣ шудаам. Мухлисон ҳамеша аз хоксору заминӣ буданам ба ваҷд меоянд.Духтари деҳот бояд ҳамеша хоксорвашарму ҳаё дар вуҷудаш бошад.

-Аз шиносоии аввал бо шавҳаратон каме мегуфтед?

-Мо дар Хонаи радио вохӯрдем. Он замон донишҷӯ будамудар Хонаи радио сурудҳои аввали худро бо ҳамроҳии Раҳматшо Раҷабов, ки дар як донишкада мехондем, сабт кардан мехостам. Шавҳарам дар онҷо ҳамчун рӯзноманигор фаъолият мекарданд,мо ҳамдигарро дидем ва писандидем.

-Зиндагии муштараки ду эҷодкор чӣ гуна сипарӣ мегардад?

-Бисёриҳо мегӯянд,ки бисёр мушкил аст,аммо ман ҳамчун як ҳунарманд мегӯям, душвор нест.Ман хушбахтам,зеро соҳиби шавҳаре ҳастам, ки ҳамеша аз дили ман бохабаранд.Имрӯз агар ба кадом қуллаерасида бошам, бо шарофати кӯмаку дастгирии шавҳарамаст. Ҳосили ишқу муҳаббати асили мо се фарзанди ба ҷон баробарамон аст.

-Оё аз фарзандон нафаре идомадеҳи роҳи модар гаштааст?

-Нилуфар ҳоло дар Хонаи радио ба ҳайси коргардони овоз кор мекунад,яъне давомдиҳандаи роҳи падар аст.Писаронам дар дигар соҳаҳо фаъолият мекунанд.Шарт нест,ки фарзанди ҳунарманд роҳи волидонашро интихоб кунад. Фарзандонам ҳунари маро қадр мекунанду дӯст медоранд. Ҳатто барои онҳо суруд ҳам сароидаам. Вақте Нилуфар ба дунё омад, суруде бо номи “Нилуфар” омода намудам, баъдан “Наврӯз”- ро барои писарам Наврӯз ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо умед ба тинҷию амонӣ ва дидори рӯзҳои хуб бо номи писари хурдиам Беҳрӯз сароидам.

-Кадом сурудро маҳз барои шавҳаратон сурудаед?


-Баъзан бо шӯхӣ ба шавҳарам мегӯям, ки суруди “Ҳай ёр-ёр, ёри мане”-ро барои шумо ҳамчун ишқи аввалам бахшидаам.

-Ба фикри шумо Лоларо кадом суруд дар гулзори санъати тоҷик шукуфон кард?

-Ман бисёр сурудҳои классикӣ ва бадеҳасароидаам.Фикр мекунам, ки маро бештар “Афсонаи ишқ” байни мардум машҳур шуд.Баъдан бо сурудани рубоётҳои мастчоҳию зарафшонӣ ва бо пӯшидани либоси тоҷикона шинохта шудам.

-Чаро вақтҳои охир аз саҳна дур гаштаед?

-Ман аз саҳна дур нашудаам, дар аксари чорабиниҳо фаъол ҳастамуширкат меварзам.Пас аз маргибародари азизам чанд муддат аз пайи эҷод набудам.Шояд сабаб дар ҳамин бошад, лекин дар ин солҳо бештар бо тарбияи насли наврас машғул будам.

-Ҳамчун омӯзгорба сабки пешгирифтаи сарояндагони ҷавон чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Имрӯз барои пешрафти ҷавонон ҳама гуна шароит вуҷуд дорад.Дар замони мо чунин набуд.Бисёр заҳмат мекашидем, ки ба як нуқта расему баъди худ чизе барои ҷомеа бимонем.Намегӯям, ки ҷавонони имрӯз беистеъдоданд.Ҳастанд нафароне,ки воқеан ҳунару истеъдод доранд, вале пешравии онҳо аз устод вобастагии калон дорад.Ҳунарманде,ки аз кӯча меояд, зуд аз байни мардум дур мешавад.Сурудҳои асил ҳамеша умри дароз доранд.Ҷавонҳои мо бештар ба Аврупову дигар кишварҳои хориҷӣ такя намуданд,лекин чизе ба даст наоварданд ва дубора баргаштанд ба сурудҳои устодони худамон,ба санъати асиламон.Санъат бояд мактаби устоду шогирд бошад,ман чор сол дар омӯзишгоҳ хондам,панҷсол шашмақомро дар назди Барно Исҳоқова омӯхтам, баъд ба ин ҷода расидам. Ҳунарманд ҳамон вақт ҳунарманд аст, ки солҳои тӯлонӣ рӯи саҳна мемонад, ба дили мардум роҳ меёбад,сурудҳояшро замзама мекунанд, вай аз худ ба санъати мо чизе мерос мемонад.Ҳунарманд танҳо либоси зебо пӯшидану сару рӯи худро оро дода, ба саҳна баромадан нест.Ӯ бояд тавре рафтор кунад,ки насли оянда ба саҳнаю ҳунару ҳунармандӣдилгарм гардад. Имрӯз ҷавонон бештар ба либоспӯшии ғарб тақлид мекунанд, дар ҳоле, ки мо либоси беҳтарини худамонро дорем.

-Се сарояндаи ҷавонеро ном бигиред,ки воқеан онҳоро гӯш мекунед?

-Нигина Амонқулова,Таҳмина Ниёзова,Нигора Холова.

-Чиро дар роҳи санъат қурбон кардаед?

-Санъат бе қурбонӣ намешавад.Вақте ки ҳунарманд чизеро қурбон накунад, вай ҳунарманд шуда наметавонад. Ман ба хотири санъат аз хоҳару бародаронам дур шудам, дунболи орзуҳоям рафтам, мусофир шудам.Ман ба осонӣ Лола Азизова нашудам, бисёр азобҳоро дидам. Лаҳзаҳое мешуд, ки аз касби худ даст кашидан мехостам, лекин меҳру муҳаббати мардум садди роҳам гашт.Кӯшиш мекардам баъзе суханҳоро нодида бигирам ва танҳо ба пеш ҳаракат кунам. Ҳунарманд ҳамеша дар мавриди диққати мардум қарор дорад, ба ҳама корат аҳамият медиҳанд, ба тарзи нишастан, роҳ гаштан, либос пӯшидан,сухан гуфтан, бо кӣ будану ба куҷо рафтанат, ҳамаи инро дар танзим нигоҳ доштан мушкил аст. Ҳолатҳое мешуд, ки фарзандони худро монда, ба сафарҳои хориҷӣ мерафтам.Рӯзҳое шуд, ки фарзандонам иди Алифбо доштанд ё мактабро хатм мекарданд, дар барашон набудам.Замоне ки ба ман ниёз доштанд, натавонистам ниёзҳояшонро барорам. Шояд барои онҳо накардам, аммо мекӯшам ҳамеша дар бари наберагонам бошам.
-То ба имрӯз дар ягон мусоҳибаатон суолеро интизор будед, ки ба шумо надода бошанд?
-Бисёр мусоҳибаҳо кардаам, як саволро мехостам аз ман бипурсанд,аммо касе напурсид. “Дар зиндагӣ чиро мехостеду надидед?” Посухи ман чунин аст, агар бори дигар ба дунё биёям, мехоҳам боз Лола Азизова бошам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД