formula
Сангпушти ромшуда баъзан бо кӯлоҳҳои замонавӣ ба сайругашт мебарояд
16.04.2024
ОИЛА.ТҶ
500

 

Марди 69-солаи ҷопонӣ Хисао Митани ҳамарӯза бо сангпушти ғайриоддияш, ки 32 сол дораду онро Бон-чан меномад, ба сайругашт мебарояд.

Сангпушти ромшуда баъзан бо кӯлоҳҳои замонавӣ ба сайругашт мебарояду гоҳи дигар тифлаки худро дар болояш мегардонад. Бон-чанро на танҳо мардуми Ҷопон, балки қисмати зиёди истифодабарандагони интернет аз соли 2015 мешиносанд. Ҷонварак тобистони имсол бо соҳиби худ қаҳрамони барномаи «Асрори зиндагии ҷонварони хонагӣ»-и сомонаи Netflix гашт. Тавре дар сабтҳои видеоӣ дида мешавад, марди нафақахӯр бо роҳбаладии ҷонвараки дӯстдоштааш роҳи мошингардро убур мекунад.

Бо вуҷуди хеле азимҷусса буданаш, маълум аст, ки ҷонвар калонсол аст. Ронандагон бо дидани сангпушти булаҷаб ба ваҷд омада, то роҳро убур карданаш сабурона интизор мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД