arzon replenishment
Саратон ӯро аз байни мо бурд?
2114

Бо камоли таассуф иттилоъ медиҳем, ки субҳи имрӯз яке аз нухбагони санъати овозхонӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Чилахон Холов аз олам даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки овозхон мудати зиёд бемор буд. Қабан, сомонаи "Оила" дар мавриди ҷарроҳии сароянда ва бемории ӯ маълумот дода буд.

ЧИЛАХОН ХОЛОВ БЕМОРИ САРАТОН АСТ?

Ҷанозаи овозхон пешини имрӯз дар маҳаллаи Пахтакори шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Марҳум 66 сол дошт.

Чилахон Холов зодаи мавзеи Кангурти минтақаи Кӯлоб буда, худро яке аз пайравони сарояндаи мардумӣ Карими Шиш медонист. Ӯ аз ҷумлаи сермаҳсултарин ҳунармандони Тоҷикистон буд, ки бисёратар таронаҳои халқӣ месароид ва бо ҳамин сурудаҳояш дар байни мардум мухлиси зиёд дорад.

Аз идора. Аҳли эҷоди сомонаи “Оила” аз даргузашти бармаҳали сароянда андуҳгин буда, ба наздикони марҳум сабри ҷамил мехоҳад. Ёди ин ҳунарманди беназир гиромӣ бод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД