19 сентябр. Соати 9:00. Худойбердизода Сорбон, ҷавонмарди ватанпарвар, ки зодаи деҳаи Хишевакти ҷамоати деҳоти Ростровути ноҳияи Деваштичро, ки аз тири душмани тангчашми мо қирғизи бодиянишин кушта шуд, ба хок супурданд.
Сорбон, яке аз ҷавонҳое буд, ки дар ҳифзи марзу буми ватан сина сипар кард ва аз тири душман ба шаҳодат расид. Ӯ ҳамагӣ 22 сол дошту хатмкардаи Донишкадаи олии Қушунҳои сарҳадии КДАМ карда, дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд, фаъолият мекард ва зимни даргириҳои марзӣ баҳалокат расонида шуд.
Ба ҷойи домод тобуташро оварданд
Тибқи хабарҳои расида, Сорбони ҷавонмарг дар арафаи тӯйи хонадоршавӣ қарор дошту бояд як ҳафта пас ин санаи тақдирсозро таҷлил мекард. Чӣ ҳавасҳову орзуҳои дар дилдоштаашро ба худ ба хок бурд.
Модари аз қисмати талхи фарзанд бехабар маъракаи пахтаандозони (як маросими хоси деҳа) фарзандашро карда, курпаву болини домодии Сорбонро тахт зада буд. Тайёрӣ ба туй ва омад-омади домод дар хонадонаш як моҳ боз идома дошт. Барои ба туй хабар кардани хешовандон рӯйхати меҳмононро тартиб дода, туйхонаву ҳофизро низ фармоиш дода буданд. Хулоса ҳар омодагие ки барои дар сатҳи лозима гузаргнидани туй лозим буд, хонаводаи шаҳиди роҳи ватан-Сорбон дида буданд. Вале аз тақдир ҷойи гурез нест. Дар арафаи туйи домодияш Худойбердизода аз тири душман дар ҳимояи марзу буми ватан кушта шуд ва имрӯз ба ҷойи домод тобуташро аз дар дароваданд.
Арӯси бо сад орзу интихоб кардааю...
Сорбонро ду сол пеш ба як духтари ҳамдеҳаашон фотеҳа карда буданд. Соли гузашта вақте наздикони Сорбон барои маслиҳати туй мераванд, ҷониби духтар бо сабабҳои тангии иқтисодӣ тӯйро ба таъхир партофта мегӯянд, ки соли дигар метавонем тӯйро гузаронем.
Шояд соли гузашта тӯйи домодии Сорбони ғӯрамарг барпо мешуд имрӯз оҳу нолаи модари ҷигарсӯхтааш камтар буд. Ҳадди ақал тӯйи фарзандашро, ки барои ҳар модар орзуи дидани фарзандаш дар тахти домодӣ аст, амалӣ мегашт.
Гарди Ватан ба хирмани гавҳар намедиҳам,
Реги раҳи диёр ба мармар намедиҳам.
Як зарра нангро ба ҳама зар намедиҳам,
Дунёи нангу ор манам, ориёиям.
Ин мисраҳои шеъриро Сорбон, ки тоза ба кор ворид шуда буд, сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун шиораш истифода мекард.