arzon replenishment
Сарбозонро дар рӯзи Артиши Миллӣ зилзила бедор кард
785

Субҳи имрӯз, яъне дар оғози рӯзи Артиши Миллӣ, зилзилаи шадиде Тоҷикистонро такон дод.

"Ин ларзиш соати 5:40 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух дода, дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе замин давоми тақрибан 20-25 сония ларзид".

Сокинони минтақаҳои дигар низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд шиддати зилзиларо ҳис кардаанд. Ин зилзила дар кишварҳои Чин, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Узбекистон ҳам ҳис шудааст.

Ба гуфтаи Маркази зилзилашиносии Амрико, маркази он дар 47-километрии Аличури Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, мебошад. Қувваи зилзила дар маркази он 6,8 дараҷа будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД