Сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шудаанд.
Зимни мулоқоти роҳбари Минтақаи озоди иқтисодӣ Ҷамшед Собирзода бо сармоягузорони чинӣ доир ба имконияти иқтисодию истеҳсолӣ, имтиёзҳо ва шароити мусоиди сармоягузорӣ дар минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардидааст. Ҳамзамон масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба ва ҷалби сармояи хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар анҷоми мулоқот сармоягузорони Чин бо имконоти мавҷудаи минтақа шинос шуда, барои ба роҳ мондан ва рушд додани ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намудаанд.