Сарнавишти талхи сароянда (ҚИСМИ 5)
796

Бегона

Баъд аз ин Нигор ба ӯ бегонаи бегона гашт, Ансор гоҳ-гоҳе дар маҳфил ё шабнишиние бо бону вомехӯрд. Зеро кори Нигор ба фарҳанг дахл дошт, аммо Нигор худро нодида мегирифт. Кӯшиш мекард, ки нигоҳашон ба ҳам наафтад, солҳо сипарӣ мегаштанду Ансор аз зинаҳои мансаб поин фаромад. Дигар саг суроғаш намекард, маъшуқаҳояш ӯро дида раҳашонро дигар мекарданд. Оқибат ба беморӣ печид, диабети қанд вуҷудашро месӯзонд.

Боре дар зинапояи як вазорат бо Нигор рӯ ба рӯ заданд, хонум худро як тараф гирифта ба рӯяш нанигарист, Нисор хирагӣ карда дасташро дошт ва гуфт:

- Одам аз мансаб мерафтааст, ҳатто ёрони ҷонияш ӯро намешинохтаанд. Нигор бо як назокати хос дасташро аз дасти Ансор кашида, гуё чизи макрӯҳеро қапида бошад бафурсат аз сумкааш сачоқчаи намноки хушбӯе бароварда дасташро пок карду посух дод:

- Ҷаноб ин эродатон ба ман умуман дахл надорад, зеро замоне ман шуморо мешинохтам, шумо ҳофизаки дайдуе будеду ҷуз як волгаи шалақ чизе надоштед! Баъди мансабдор шудан, шумо моро нашинохтед…

Ансор дар нигоҳи бону нафрати олудаи надоматро дида дилаш таҳ кашид. Баъд ана ҳамин беморхонаю, пойи бурида…

Наҷотбахши махуф

Риштаи андешаҳояшро омадани писараш барканд, Афшин дастовези овардаашро рӯи миз гузошта бо ӯ гарм авҳолпурсӣ кард. Ансор авҳоли келину набераҳояшро пурсид, Афшин бо меҳрубонии зиёд ба саволҳои падар ҷавоб дода хабар дод, ки чанд рӯз пас аз беморхона рухсатӣ мешаведу насиб бошад ба ҳавлӣ меравем.

- Бачам, агар ризо бошӣ, ман ба ҳамон хонаи маркази шаҳр меравам, буридани поям бароям як саддамаи рӯҳӣ шуд. Гӯшаи танҳоӣ мехоҳам…

- Э не, ҳавлӣ меравем, - ду пояшро ба як мӯза тиқонда такрор мекард Афшин.

Вале Ансор бо ҷиддият амр кард:

- Не, ман танҳоӣ мехоҳам. Сафия (духтари донишҷӯи Афшинро дар назар дошт) гоҳ-гоҳе ҳамроҳиям кунад бас!

Афшин дигар баҳсро бо падар ҷоиз надида аз ҷояш хестанӣ буд, ки Ансор гуфт:

- Ҳаққи духтуронро хубтар деҳ, бечораҳо меҳнат карданд.

- Дадаҷон духтур мегӯяд, ки ҳаққи онҳоро ташкилоти хориҷие пардохт кардааст, як фонд будааст ба ҳунармандони собиқадор кӯмак менамудааст.

Ансор, ҳайрон шуда бо писараш хайру хуш кард ва баъд духтурро ба наздаш даъват карда аз наҷотбахши махуфаш пурсид.

- Устод, як фонд кушода шудааст он ба шумо барин инсонҳои машҳур хизмат мекунад, чанде пеш як рассомро низ аз ҳисоби онҳо ҷарроҳӣ кардем. Чун шумо ин ҷо бистарӣ шудед, ман ба сардори он занг зада гуфтам, ки ҳамин гуна ҳофизи машҳур дар мо бистарист ва онҳо бо камоли майл кумак карданд ва гуфтанд, ки то як сол ҳама дорувориятонро ройгон таъмин мекунанд. Сарвари фонд як бонуи хеле зебост, ӯ ҳатто мухлиси шумо будани модари маро фаҳмида фиттаи сурудҳои аёми ҷавониятонро ба ман тақдим кард. Фақат мо ҳуқуқ надорем номи ӯро ба шумо гӯем, худаш аз сафари хидматӣ баргардад ба аёдататон меравад.

Ансор Нисор дар чанд соли ахир бори аввал хурсанд, шуд, ки аққаллан касе пайдо шуда, ки меҳнати ӯро қадр мекардааст ва баъди ҷавоб шудан аз беморхона нишонӣ ва телефонашро ба духтур дода таъкид кард, ки наҷотбахшашро аз он огоҳ кунад.

(Давом дорад)

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД