Сарнавишти ятимдухтар
27.12.2025
МАНИЖА
387

Дар яке аз ноҳияҳои тобеи марказ зиндагӣ мекунаму ҳамагӣ 18 сол дорам. Худованд маро аз чашми бино маҳрум кардааст, вале шукр мекунам, ки ақли расову пои равон дорам. Дунё ва одамонро бо чашми дил мебинам.

Волидонамро ёд надорам. Аз рӯйи шунидам, падарам аз оилаи сарватманд ва бачаи шаҳрӣ буда, духтари деҳотиро ба занӣ гирифтааст. Модарам ҷавонзани зебои солим буда, духтарфарзанди якумашро сиҳату саломат, бе ягон душворӣ ба дунё меорад, вале ҳомиладории дуюм барояш марговар мегардад. Вақти таваллуд кардани ман модарам сари фарзанд мераваду падарам мани берӯзиро «шумқадами сархӯр» гӯён ба ятимхона месупорад ва сарашро гирифта баромада меравад. Бародарам Анӯши яксоларо холаам ба тарбияи худ мегирад. Баъдтар маро аз ятимхона ба мактаби нобиноёни ноҳияи Ҳисор фиристоданд.

Қариб ҳар сол хатмкунандагони донишгоҳи педагогиро ба мактаби мо таҷрибаомӯзӣ мефиристоданд. Боре яке аз ин таҷрибаомӯзон, ки Парвиз ном дошта, ҷавони қоматбаланди зебое буд, баъди анҷоми дарс аз ман хоҳиш кард, ки як дақиқа истам. Гумон кардам, ки дар бораи мактабамон чизеро донистан мехоҳад, вале ғайри чашмдошт Парвиз чӣ ном доштанамро пурсид. Манижа гӯён бо роҳи худ рафтанӣ шудам. «Номатон ҳам худатон барин зебо будааст» гӯён Парвиз хоҳиш кард, ки ӯро танҳо нагузорам. Гумон кардам, ки ин ҷавони солим ба ҳоли мани маъюб хандида истодааст, вале ӯ бо оҳанги ҷиддӣ суханашро идома дода, таъкид кард: «Манижаҷон, гумон накун, ки ман туро масхара карда истодаам. Ту дар ҳақиқат бисёр духтари зебою дилкаши ситорагарм ҳастӣ. Ман туро бори якум дидам, вале ба назарам чунон ширин намудӣ, ки гӯё як умр ошно бошем…».

Ҳамин тавр мо бо ҳам аҳди муҳаббат бастем. Қариб ҳар рӯз ҳамроҳ ба сайругашт баромада соатҳо суҳбат мекардем. Рӯзе Парвиз маро ба қаҳвахона таклиф кард ва дар сари миз дурудароз ба чеҳраам нигариста чӣ тавр ба мактаби нобиноён афтиданамро пурсон шуд. Саргузашти ғамангезамро ба ӯ нақл карда, хоҳиш намудам, ки дар пайдо кардани бародарам Анӯш ба ман кумак расонад. Ин суханро шунида чашмони зебои Парвиз мисли ҳавз якбора пур аз об шуданд.

Гуфтам:

- Барои тақдири талхи ман гиря мекунӣ?

Гуфт:

- Барои ҳардуямон.

Ҳайрон шуда пурсидам:

- Чаро?

Гуфт:

- Ҳамон Анӯше, ки ту меҷӯӣ, мани бадбахтам. Худоё, ин чӣ рӯзи сахте буд, ки ба сарам омад. Нафаҳмида ба хоҳарам ошиқи зор шудам.

Парвиз зор-зор гиря мекард. Лолу карахт монда, чӣ гуфтану чӣ кор карданамро намедонистам, зеро ман ҳам ошиқи зори ӯ будам.

- Манижа, хоҳаракам, маро бубахш, ки ба ту то ин вақт ҳарфҳои ошиқона мезадам. Аз ин пас ман ҳамчун бародар пушту паноҳи ту мешавам ва намегузорам, ки касе озорат диҳам. Чашмонатро табобат мекунем, Худо хоҳад, бино мешавӣ,- Парвиз маро ба оғӯш гирифта, сарамро бо меҳр сила кард.

Пурсидам, ки чаро номашро дигар кардааст. Оҳи сарде кашида гуфт:

- Ман то шашсолагӣ дар хонаи холаам зиндагӣ кардам, баъд шавҳараш дар назди ӯ шарт гузошт, ки аз ду якеро интихоб кун: ман ё ҷиянат? Холаам ба хотири хонавайрон нашудан маро ба ятимхона супорид. Чанде пас як оилаи сарватманд маро аз ятимхона ба фарзандӣ қабул карда, номамро иваз намуданд. Ҳамин тавр Парвиз шуда мондам…

Бародарам маро ба хонаи падархонду модархондаш бурд. Ин зану шавҳари меҳрубон маро хуш қабул карданд.

Ба ҷавононе, ки мисли мо ятим ҳастанд, гуфтаниям, ки навмед нашаванд, зеро худованд меҳрубон асту ятимонро танҳо намегузорад. Дар дунё одамони меҳрубон ва некӯкоре ҳастанд, ки барои ризои худо ятимонро парасторӣ мекунанд.

МАНИЖА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД