formula
Сарояндаи машҳур худро қасдан ба коронавирус гирифтор карду мурд
3096

Коронавирус-ин вабои асри нав ҳамоно чанголи хунин ва гирои худро аз гиребони насли башар раҳо намекунад. Новобаста ба ҳама ташоҳои табибон дар мубориза бо ин бемории хавфнок вирус дар шаклҳои нав ба нав зуҳур намуда, ҳамарӯза ҷони ҳазорон нафарро мерабояд. Маъмулан одамон кӯшиш мекунанд, ки худро аз ин вируси хатарнок эмин нигоҳ доранд, вале як сарояндаи машҳури Чехия қасдан худро ба корнавирус гирифтор карда, субҳи имрӯз бар асари ҳамин беморӣ аз дунё гузашт.
Тавре ки “Московские новости” менависад, Хана Хорка 57-сол дошта, яке аз сарояндагони шӯҳратёри Чехия ба шумор мерафт. Дар Чехия шахсоне, ки воксинаҳои зидди коронавирусро нагирифтаанд ба театр, кино ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ дода намешавад. Ин зани машҳур қасдан худро ба коронавирус гирифтор намудааст, то ба ин беморӣ иммунитет пайдо намуда, аз маҳдудиятҳои давраи “Ковид”-ии дар кишвараш ҷорӣ шуда халосӣ ёбад.
Ян Рек-писари марҳум Хана Хорка достони марги фоҷиавии модари машҳурашро қисса карда, чунин гуфтааст:
“Ман ва падарам воксинаҳои зидди коронавирусро гирифта бошем ҳам, ҳардуямон ба ин беморӣ гирифтор шудем. Модарам ба ҷойи он ки худро аз мо дур бигирад, ҳамеша дар канорамон буд ва мехост аз ин вирус сироят ёфта, мубталои коронавирус гардад, то ки нисбати ин беморӣ иммунитет пайдо карда, аз маҳдудиятҳое, ки дар кишвар ҷорӣ шудаанд, халос шавад...”
Ҳамин тавр Хана Хорка аз коронавирус сироят ёфта, мариз шуд, аммо бемориаш чандон вазнин набуд. Чанд рӯз пеш ин зани сароянда дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштааст, ки аҳволаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст, дар рӯзи маргаш бошад, ӯ худро бисёр хуб эҳсос мекард ва нияти ба сайру тамошо баромадан дошт, аммо...
Аз рӯйи гуфти писараш шаб каме аҳволаш бад шуда, тахтапушташ ба дард медарояд ва дар байни 10 дақиқа нафасгир шуда мемирад.
Як Рек фарҷоми талхи модарашро ба он хотир қисса кардааст, ки ба дигарон панд шавад ва бо бе беморӣ бозӣ накарда, ҳатман ба қоидаҳои амниятӣ риоя намоянд ва аз гирифтани воксинаҳои зидди коронавирус саркашӣ накунанд.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД