Commerc banl
Сарояндаи машҳури эронӣ аз бемории саратон даргузашт
92

Ҳамид Ҳирод, сарояндаи маъруфи Эрон дар синни 34-солагӣ аз олам даргузашт. Ин ҳунарманд дар Тоҷикистон низ мухлисони зиёде дошт.

Тавре расонаҳои эронӣ навиштаанд, Ҳамид Ҳирод шаш соли охир аз бемории саратон ранҷ мекашидааст ва субҳи имрӯз, 12-уми март дар шаҳри Теҳрон аз олам гузаштааст.

Пагоҳ, 13-уми март баъди ҷаноза ҷасади ҳунарманд ба хок супурда мешавад, вале бо сабаби вазъияти ҷангӣ дар ин кишвар маросими ёдбуди Ҳамид Ҳирод дертар баргузор хоҳад гашт.

Ёдрас мешавем, ки Ҳамид Ҳирод дар Тоҷикистон мухлисони зиёде дошт ва соли 2021 ба кишвари мо сафар карда, барои ҳаводорони ҳунараш як барномаи ҷолиби консертӣ баргузор намуд.

Ин сарояндаи маҳбуби эронӣ дар баробари сурудҳои поп, ба ғазалҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Хоҷа Ҳофиз Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигар шоирони классики форсу тоҷик оҳанг мебаст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД