sebiston july new
Сарояндаро барои ҳофизӣ дар тӯй ҷарима карданд
3978

 

Дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ҳофизи маҳҳалиро барои вайрон кардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба ҷавобгарӣ кашиданд.
Тавре дафтари матбуоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон хабр додааст, дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон як овозхони маҳаллӣ дар як маърака ҳунарнамоӣ намуда, акнун барои ин амалаш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт. Ҳофизи маҳаллиро барои вайрон кардани қонуни танзим ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
"Номбурда моҳи сентябри соли ҷорӣ дар хатнасури сокини маҳаллӣ иштирок карда, давоми чор соат овозхонӣ намудааст" - омадааст дар хабар.
“Ин ҳофизи маҳаллӣ аз моҳи октябри соли 2017 дар мақомоти андози ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шуда, дар тӯю маъракаҳо ба ҳайси сароянда хидмат мекард”-менависад манбаъ. Ба иттилоъи дафтари матбуоти Додгоҳи Олӣ нисбати ҳофизи маҳаллӣ бо моддаи 481 қисми 1 - и кодекси ҳуқуқвайронкунӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, ба суд ирсол шудааст.
Ҳамин тариқ бо қарори суд, сароянда барои гарм кардани тӯйи мардум ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.
М. Давлат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД