sebiston july new
Сарвари оила кист: хушдоман ё шавҳар?
23.03.2023
ОИЛА
1371

 

Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» сокини деҳаи Наврӯзи ноҳияи Панҷ, Ойтилло Анақулова мебошанд. Саволи мо ба ин хушдоман, ки панҷ келину чор домод доранд, чунин аст:

-Хушбахтии оилавӣ дар чист?

Ман бо хушдоманам солҳои тӯлонӣ зиндагӣ кардам, он кас чанд сол пеш дар синни садсолагӣ дунёро падруд гуфтанд. Мо бо ҳамдигар чун модару духтар меҳрубон будем, хушдомани раҳматиям ветерани меҳнат буданду ордену медалҳои зиёде доранд. Ғайр аз кори колхоз боз ҳунарҳои зиёди миллӣ доштанд аз қабили гилембофию ҷомадӯзию гулдӯзӣ, хулоса як зани ҳунарманде буданд. Ҳарчанд модарам низ зани сахтгире буданд, аммо ман нозукиҳои зиндагии оилавиро маҳз аз хушдоманам омӯхтам. Имрӯз худам панҷ келину чор домод дорам, ҳамаи фарзандонамро дар вақти ҳаёт будани хушдоманам хонадор кардам ва маслиҳатгарам он кас буданд. Хушбахтии оилавӣ чист? Хушбахтии хонаводагӣ ин бо ҳам муросо кардани аҳли хонавода мебошад, чун оила як давлати хурдакак аст, он ҷо ҳам бояд роҳбар бошад. То зинда будани хушдоманам сарвари мо он кас буданд, ману шавҳарам бо маслиҳати он кас кор мекардем, имрӯз бошад, фарзандон гапи моро гӯш мекунанд. Ягон падар ё модар дар пайи бадии фарзанд нест, хушу хуррамии онҳоро мехоҳад. Мо имрӯз хоҷагии деҳқонӣ дорем, ҳамроҳи келину набераҳо он ҷо кор мекунем, ризқамонро аз замин мерӯёнем. Писаронам ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ҳар кадоме соҳиби хонаву дари алоҳидаву зиндагии орому осуда ҳастанд. Ман кӯшиш кардам, ки келинҳоям ба якдигар мисли апаву хоҳар бошанд, ин хеле муҳим аст. Ба духтарҳо низ насиҳат мекунам, ки ҳамеша сабру таҳаммулро пеша намоянд, зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист, ҳар кас, ки сабр кард, бурд мекунад.

Ба ҷавонон маслиҳат медиҳам, ки дар зиндагӣ ҳамеша сабур бошанд, бо маслиҳати калонсолон кор кунад. Онҳо таҷрибаи зиндагӣ доранд ва нағз медонанд, ки чӣ бояд кард. Чӣ гуна сурат гирифтани зиндагии ҳар як шахс аз худаш вобаста аст, бо ҷангу ҷанҷолу моҷаро ҳеҷ мушкил ҳалли худро наёфтааст. Аммо бо маслиҳату машварат метавонанд сад мушкилро осон намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД